Душанбе: Миёни қурбониёни инфиҷор дар Анқара тоҷикон нестанд (Видеои таркиш)
Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, бар асари инфиҷори шоми 13-уми март дар Анқара, ки 34 кушта ва беш аз 120 маҷруҳ барҷой гузошт, тоҷикистониён осеб надидаанд.
Дар ин бора ба “Озодагон” аз Раёсати иттилоот, матубот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Шоми 13-уми март бар асари таркиши як автомобил дар шаҳри Анқара 34 тан ҷон дода, беш аз 120 нафар дар беморхона бистарӣ шуданд, ки вазъи 19 нафари онҳо вазнин арзёбӣ мешавад. Ҳанӯз гуруҳе масъулияти ин ҳамларо ба дӯш нагирифтааст, аммо Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисиҷумҳури Туркия таъкид намудааст, ки чунин ҳамлаҳои террористӣ азми мақомоти Туркия барои мубориза бо терроризмро бештар мекунад. Видеои таркиш:
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |