Талаби 2000 сомонӣ барои беобрӯ накардан
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти ду ҷавони 21-солаи ноҳияи Масчоҳ хабар медиҳад, ки бо ҷурми тамаъҷӯйӣ муттаҳам мешванд.
Ба иттилои ин ниҳод, ин ҷавонҳо рӯзи 4 март бо маслиҳати пешакӣ аз ҳамдеҳаи худ, ҷавони 22-сола бо роҳи тамаъҷӯӣ ва таҳдиди фош намудани маълумотҳои беобурӯкунанда 2000 сомонӣ талаб кардаанд. Манбаъ мегӯяд, ин ҷавонҳо гуфтаанд, агар ин миқдор маблағро ба онҳо надиҳад, овоза мекунанд, ки “гӯиё бо духтарони деҳаашон муносибатҳои ошиқона доштааст”.
Вазорати умури дохилӣ меафзояд, гумонбаршудаҳо рӯзи 11 март ҳангоми гирифтани 1800 сомонӣ дастгир шудаанд: “Нисбати далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |