Чоршанбе, 2 Апрел 2025
Дар Тоҷикистон бонки нав фаъол шуд
Бонки миллии Тоҷикистон аз оғози фаъолияти “Бонки байналмилалии Тоҷикистон” дар кишвар хабар дод.
Тавре аз ин ниҳод ба “Озодагон” иттилоъ доданд, раёсати Бонки Миллӣ барои анҷом додани амалиёти бонкӣ бо пули милллӣ ва асъори хориҷӣ ба ҶСП “Бонки байналмилалии Тоҷикистон” иҷозатнома додаст.
Манбаъ таъкид намуд, ки бонки нав дар заминаи ташкилоти амонатию қарзии хурди «Стандарт молия» таъсис дода шуда, муассисони он шаҳрвандони Тоҷикистон мебошад.
Тибқи иттилои Бонки Миллӣ ба бонк табдил додани ташкилоти қарзии «Стандарт молия» доираи амалиётҳои бонкиро васеъ намуда, дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои бонкиро бештар мекунад.
Ташкили бонки нав дар Тоҷикистон дар ҳолест, ки тайи моҳҳои охир Бонки Миллии Тоҷикистон ба далели мушкили молӣ иҷозатномаи фаъолияти даҳҳо ташкилотҳои хурди қарздиҳиро бозпас хонд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |