Бахшҳо
11 мар 2016 13:59Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Мамбеталиев: Ба “милисаи тоҷик” 15 соли ҳабс таҳдид мекунад (ВИДЕО)

Рафик Мамбеталиев, сардори Хадамоти давлатии назорати маводи мухаддири Қирғизистон мегӯяд, ба корманди боздоштшудаи ВКД-и Тоҷикистон бо маводи мухаддир 15 соли зиндон таҳдид мекунад.

Тибқи иттилои Хадамоти давлатии назорати маводи мухаддири Қирғизистон амалиёт алайҳи гуруҳи нашъаҷалобон моҳҳо тарҳрезӣ шуда, як корманди ин ниҳод ба ҳайси харидори тақаллубӣ баромад кардааст: “Дар пайи амалиёт корманди 49-солаи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ва шарики 45-солааш, ки дар гузашта дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ кор кардааст, бо 36 кило маводи нашъадор боздошт шуданд”.

Мақомоти Қирғизистон 4 март навори боздошти ду шаҳрванди Тоҷикистон бо маводи мухаддирро нашр карданд, ки яке аз онҳо майори милиса, корманди Вазорати умури дохилии Тоҷикистон муаррифӣ шуда буд. Дар навор боздоштшудаҳо дар талоши худсафедкунӣ бо ишора ба ҳамдигар изҳор медоранд, ки мошин аз ман нест, аз ӯст.



Тибқи иттилоияи расмии мақомоти Қирғизистон, рӯзи якуми март дар деҳаи Жаштики вилояти Бодканд мошини “Опел вектра”, ки таҳти идораи корманди Вазорати умури дохилии Тоҷикистон қарор дошт, барои санҷиш боздошт гардид: “Дар дохили автомашина инчунин шаҳрванди дигари Тоҷикистон, сокини 45-солаи шаҳри Душанбе қарор дошт. Ҳангоми санҷиш аз дохили автомашина 36 килою 300 грамм ҳашиш дарёфт шуд, ки арзиши он 4 миллион сом (беш аз 400 ҳазор сомонӣ”-ро ташкил медиҳад”.

Дар вокуниш ба ин хабар Вазорати умури дохилии Тоҷикистон изҳорот дод, ки боздоштшуда Муродалӣ Иброҳимов, собиқ корманди мақомоти корҳои дохилӣ мебошад: “Иброҳимов бо фармони Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон аз 9 феврали соли 2016 бинобар "кирдори иснодоваранда, паст задани шаъну шарафи кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва мунтазам вайрон намудани интизоми хизматӣ" аз мақомоти корҳои дохилӣ озод шудааст”.

Мақомоти Қирғизистон мегӯянд, феълан аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Мӯҳр
назоратчи
Ин 15сол кам аст 115 сол те илтимос

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)