Якшанбе, 6 Апрел 2025
Дархости гузоришгари СММ аз парлумон барои маҳдудсозии ҳаққи ҳукумат

Созмони Милали Муттаҳид хулосаҳои аввалияи Девид Кэй, гузоришгари ин созмон оид ба ҳуқуқи инсонро, ки аз 3 то 9-уми март дар Тоҷикистон қарор дошт, нашр намудааст.
Дар иттилоия, ки 10-уми март дар сомонаи расмии СММ нашр шудаст, аз қавли Девид Кей оварда шудааст, ки тайи як соли охир маҳдудсозии аҳзоби сиёсӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва васоити ахбори омма аз ҷониби ҳукумат афзоиш ёфтааст. Ӯ аз кафолати ҳуқуқу озодиҳои инсон барои мардуми Тоҷикистон дар конститутсияи кишвар зикр карда, таъкид намудааст, ки ин меъёрҳо нақз мешаванд, зеро ҳукумат ба саркӯби дигарандешон, маҳдудсозии дастрасӣ ба иттилоъ ва интернет ва тангсозии ҷои ҷомеаи шаҳрвандӣ даст мезанад.
Дар баробари нигаронӣ аз бастани ҲНИТ, пешниҳоди омма нашудани далелҳои гунаҳкории аъзои боздоштшудаи ин ҳизби мамнуъ, ҳамла ба аъзои “Гуруҳи 24”, таъқиби ҳуқуқшиносон ва дигар мунтақидон, дар иттилоияи СММ аз парлумони Тоҷикистон дархост шудааст, то қонунеро қабул намояд, ки ҳуқуқи ҳукумат барои бастани сомонаҳо, интернет ва алоқаи мобилиро маҳдуд кунад.
Гузоришгари СММ инчунин таъкид намудааст, ки бо баҳонаи таъмини амният маҳдудсозии фаъолияти аҳзоби муътадили сиёсӣ, рӯзноманигорон ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ натиҷаи баръакс медиҳад ва ин раванд дар дарозмуддат нооромию вазъи мутшанниҷро ба вуҷуд меорад.
Дар баробари камбудиҳо СММ аз омодагии Тоҷикистон барои ҳамкориҳо бо ниҳодҳои гуногуни умури ҳуқуқи башар истиқбол карда, изҳор доштааст, ки бо ҳукумати Тоҷикистон талошҳо барои такмили фазои ҳуқуқию сиёсии кишвар ҳамкорӣ хоҳад кард.
Дар охири иттилоияи СММ таъкид шудааст, ки гузоришгарони вижа аз ҷониби Шӯрои ҳуқуқи башари созмон барои омӯзиши вазъи ҳуқуқи инсон дар кишварҳои гуногун таъин мешаванд ва ин мақом ифтихорӣ буда, гузоришгарон корманди СММ нестанд ва барои корашон маош намегиранд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |