Бахшҳо

Буҳрон: Овезаҳои Душанбе “реклом” меҷӯянд (АКС)

Бештари овезаҳои кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе навиштаҷоти “ҷой барои реклама”-ро доранд.

Буҳрони молӣ овезаҳои пойтахти кишварро “холӣ” кардааст. Аксари онҳоро акнун на таблиғи молу маҳсулоти кадом ширкат, балки навиштаҷоти “Ҷой барои рекламаи Шумо” “оро” медиҳанд. Масъулини ширкатҳое, ки ба қабули “реклама” барои овезаҳо машғуланд, мегӯянд, буҳрони молӣ муштариёни онҳоро “гурезонд”. Алишер, масъули яке аз ин ширкатҳо имрӯз, 10 март дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, арзиши як метри мураббаъ дар овезаҳо 40 сомониро ташкил медиҳад: “Бо сабаби буҳрон фармоиш кам шудааст”.

Нисо, як корманди ширкати “Галерея-Абрис” мегӯяд, ҳаққи таблиғ барои як моҳ дар овезаҳои мутаалиқ ба онҳо 3100 сомонӣ мебошад: “Муштариҳои мо кам шуданд. Зӯри ҳар кас намерасад, ки реклама диҳад, аммо мо ҳам имкони арзон кардани нархро надорем. Аз ин ҳисоб маоши кормандонамонро медиҳем ва барои пайдо кардани мошине, ки бояд онро насб кунад, маблағ сарф мешавад”.

Дар гузашта бештари овезаҳои дар интизори “реклом” сафед буданд, аммо масъулини ширкатҳо мегӯянд, ахиран аз шаҳрдорӣ онҳоро муваззаф сохтаанд, то овезаҳои бидуни таблиғро бо манзараҳо “зеб” бидиҳанд. “Ба мо гуфтанд, ки овезаҳо набояд холии сафед бошад, бояд дар онҳо расми ягон манзара часпонда шавад. Аслан ин бар зарари мо аст, чунки бар иловаи набудани реклама мо маҷбурем аз ҷайби худ барои чоп кардани манзара маблағ пардозем”,-гуфт яке аз масъулини ширкатҳои марбут ба нашри “реклом” дар овезаҳо.


Буҳрон: Овезаҳои Душанбе “реклом” меҷӯянд (АКС)

Буҳрон: Овезаҳои Душанбе “реклом” меҷӯянд (АКС)

Буҳрон: Овезаҳои Душанбе “реклом” меҷӯянд (АКС)

Буҳрон: Овезаҳои Душанбе “реклом” меҷӯянд (АКС)

Буҳрон: Овезаҳои Душанбе “реклом” меҷӯянд (АКС)

Буҳрон: Овезаҳои Душанбе “реклом” меҷӯянд (АКС)

Буҳрон: Овезаҳои Душанбе “реклом” меҷӯянд (АКС)

Буҳрон: Овезаҳои Душанбе “реклом” меҷӯянд (АКС)

Буҳрон: Овезаҳои Душанбе “реклом” меҷӯянд (АКС)

Буҳрон: Овезаҳои Душанбе “реклом” меҷӯянд (АКС)

Буҳрон: Овезаҳои Душанбе “реклом” меҷӯянд (АКС)

Буҳрон: Овезаҳои Душанбе “реклом” меҷӯянд (АКС)

Буҳрон: Овезаҳои Душанбе “реклом” меҷӯянд (АКС)
Мӯҳр
99
"Моли мумсик ҷони мумсик", гуфтаанд!!!
Шумо, ки арзон карда натонен, дар ун хароба реклама ба касе даркор нест.
Монед, ана ҳамун мансабдорони худбине. ки ба касе иҷозаи нафас кашидан намедиҳанд, худашон худашона реклама кардан гиранд!!!

Ба ҷойи ҳамин рекламаҳо хубаш қоидаҳо ҳаракаӣи роҳро часпонед. Ё ба ронанда огоҳи тасмаи бехатари ё тамоку кашидан зарар дорад часпонед. Як фоида дорад ё ба ронанда огоҳ диҳед ки бо суръати баланд ҳаракат накунад ҳаргуна расмҳои тарбияви барои ронандагон монед хело хуб мешавад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)