СРУ: Маргумир дар Тоҷикистон аз Узбакистону Туркманистон бештар аст...
Хадамоти марказии кашшофии Амрико (СРУ) гузориши ҷадидашро дар мавриди нишондоди маргумир дар 225 кишвар ва қаламрави дунё нашр кардааст.
Дар гузориши нашрркардаи ин ниҳод кишварҳои ҷаҳон вобаста ба теъдоди миёнаи фавт сари 1000 сокин дар давоми як сол, раддабандӣ шудаанд.
Гузоришгарон Тоҷикистонро бо нишондоди миёнаи 6,18 марг сари ҳар 1000 сокин тайи як сол дар мақоми 156-ум қарор додаанд.
Русия бо 13,69 марг сари 1000 сокин яке аз пешсафони раддабандӣ аст. Дар ин гузориш Белорус дар мақоми 16 (13,36), Молдова – 22 (12,59), Эстония - 24 (12,40), Гурҷистон - 34 (10,82), Арманистон - 61 (9,34), Қазоқистон - 86 (8,21), Озарбойҷон - 132- (7,07), Қирғизистон - 142 (6,65), Тоҷикистон - 156 (6,18), Туркманистон - 158 (6,13) ва Узбакистон бо нишондоди 5,3 марг дар мақоми 180-ум ҷой гирифтааст.
Ба даҳгонаи кишварҳое, ки маргумир дар онҳо аз ҳама зиёд аст, Шоҳигарии Лестота (14,89), Украина (14,46), Булғористон (14,44), Гвинея-Бисау (14,33), Латвия (14,31), Чад (14,28), Литва (14,27), Намибия (13,91), Афғонистон (13,89) ва Ҷумҳурии Африқои марказӣ (13,80) ворид шудаанд.
Нишондоди аз ҳама ками маргумир дар Қатар ба қайд гирифта шудааст, ки дар ин кишвар сари 1000 сокин дар як сол 1,53 марг рост меояд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |