Фариза: Барои табобати модарам кумак расонед
“Азизон, бародарон, хоҳарон ба хотири модарони азизи худ, ба хотири бебаҳотарин ва ноёбтарин гавҳари фарзанд, муъҷизаи ҳаёти инсон, МОДАР дасти саховат сӯйи ман дароз кунед, то модарамро ба по хезонам, ҷисми хаставу афгорашро аз дарди ҷонкоҳ наҷот бидиҳам”. Ин муроҷиати Фариза Сангинова, як сокини ноҳияи Ёвон аст, ки барои муолиҷаи модараш -- Гулчеҳра Саидраҳматова кумак мехоҳад.
Фариза Сангинова ба дафтари “Озодагон” омад ва изҳор дошт, ки модараш аз соли 2009 ба ин сӯ аз бемории тарбод (полиартрит остреапароз) ранҷ кашида, аз роҳ рафтан маҳрум аст. Ӯ гуфт, табибони ватанӣ ва хориҷӣ ваъда додаанд, ки бо гузаронидани ҷарроҳӣ модараш метавонад сиҳат шуда, дубора роҳ биравад: “Аммо маблағ надорем. Дар хона ману модарам танҳоем, касе надорем, ки кумак кунад. Ҳанӯз хурд будам, ки падарам моро тарк кард. Агар писар мебудам шояд бештар кор мекардам, то ӯро аз ин дард наҷот диҳам, аммо духтар ки ҳастам аз субҳ то шом ҳар қадар кор кунам ҳам пулам ҳатто барои хариди доруворӣ намерасад”.
Фариза мегӯяд, дар гузашта давоми як сол кор карда, модарашро як маротиба барои назорат пеши табибон мебурд ва барои ин кор тақрибан 5000 сомонӣ масраф мекард, аммо ду соли охир бо далели тангии рӯзгор наметавонад модарашро аз ташхис бигузаронад.
Гулчеҳра Саидраҳматова солҳои зиёд ба ҳайси муаллимаи забони русӣ дар Душанбе, Ваҳдат ва Ёвон кор карда, беш аз шаш сол мешавад, ки рӯи бистари беморист.
Ба қавли Фариза, худаш ба 23 даромадаву замони оиладоршавиаш фаро расидааст, аммо бидуни табобати модараш намехоҳад тӯй шавад: “Мехоҳам модарҷонамро табобат кунам то ба по хезад ва хушбахтии маро на дар болин, балки сиҳату саломат дар канори ман бубинад”.
Ӯ мегӯяд, намехост барои пурсидани пул муроҷиат кунад, аммо сахтии рӯзгор маҷбураш кард: “Чӣ қадар сангин аст гуфтани ин сухан, вале чашмони маҳзуни ҳоли зори модарро дида дигар тоқат карда наметавонам ва ба Шумо азизон муроҷиат менамоям, ки ба ман дасти ёрӣ дароз намоед, то модари дардмандамро табобат намоям”.
ШУМОРАИ ТАМОС: (+992) 93-350-50-65, 93-778-02-87
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |