Бахшҳо

Таҳдиди “майор” ба муаззин дар Душанбе: Пул деҳ, вагарна бадномат мекунам (АКС)

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти Муслиҳиддин Зарифов, майори тақаллубии милиса хабар дод, ки бо роҳи қаллобӣ ва таҳдид аз сокинони Душанбе маблағҳои ҳангуфтро меситондааст.

Тавре аз ин ниҳод ба “Озодагон” иттилоъ доданд, Зарифов, сокини 35-солаи ноҳияи Восеъ барои худ санади тақаллубии майори милисаро омода карда, ҳамроҳи шарикаш - Умедҷон Илҳомов, сокини 35-солаи шаҳри Душанбе дар пойтахт ба қаллобӣ машғул шудаанд.

Ба иттилои манбаъ аз ҷумла ин ду нафар худро корманди ВКД муаррифӣ намуда, моҳи январи соли равон аз Маҳмадалӣ Муродов, муаззини 31-солаи масҷиди маҳаллаи Маяковскийи шаҳри Душанбе 10 ҳазор доллари амрикоӣ талаб кардаанд: “Муллоро ба мошин савор карда, тарс доданд, ки бурда ба ВКД месупоранд. Гуфтаст маро шарманда накунеду 3 ҳазор сомонӣ дорам, инро гиреду маро раҳо кунед. Онҳо розӣ шудаанд”.

Вазорати умури дохилӣ мегӯяд, дар маҷмуъ чор ҳолати қаллобии кормандони тақаллубии милисаро ошкор кардаанд, ки якеаш дар боғи Наврӯзгоҳи пойтахт сурат гирифтааст: “Сокинони Душанбе Муродов ва Раҳимова, ки дар Наврӯзгоҳ сайругашт мекарданд, ҳадафи таҳдиди ин ду нафар қарор гирифтаанд. Раҳимова барои бадном нашудан гарданбанди тилоии 800 доллариашро ба қаллобон додааст ва ин нафарон онро баъдан дар Корвон ба ивази 600 доллари амрикоӣ фурӯхтаанд”.

Ба иттилои Вазорати умури дохилӣ феълан алайҳи боздоштшудаҳо парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад. Ин ниҳод аз шаҳрвандоне, ки ҳадафи чунин қаллобон қарор гирифтаанд, даъват намуд, ки фавран ба мақомоти милиса муроҷиат намоянд.


Акси айбдоршавандаҳо:

Таҳдиди “майор” ба муаззин дар Душанбе: Пул деҳ, вагарна бадномат мекунам (АКС)

Таҳдиди “майор” ба муаззин дар Душанбе: Пул деҳ, вагарна бадномат мекунам (АКС)

Таҳдиди “майор” ба муаззин дар Душанбе: Пул деҳ, вагарна бадномат мекунам (АКС)
Мӯҳр
Хоркаш
Ин аст нишонаи эътимоди мардум ба милисаҳо.
Ҷинояткор аз милиса ҳеҷ фарқ надорад.

Рамаз
Ин калбакиода мо бисер шод намешем хакониеша тез тез капед.

Камтар лачоми милисахоро доред, вагарна якхелашон бисёр номакули мекунанд. Худованд хидояташон кунад.

Саид
Навмед набояд шудан аз гардиши аем. Хар шом ки ояд зи паи он сахаре хаст. Маколи руси хаст панири бепул факат дар мушкапак .

5 панҷая як хел нест. Ҳамаи милисаҳо як хел нестанд. Милисаҳоро паст назанед.

5 панҷа як хел нест. Милисаҳо як хел нестанд. Милисаҳоро паст назанед.

Сайр
Дар хакикат ин милисахо аз хад гузаронидагианд. Агар онхоро политсия кунанд тамом васалом, кор аз хад мегузарад, ришваситони дар сатхи аъло.

точикистони нав
милисаи конунихам хаминхел рафтор дорад

Мулло дигар манбаи даромад шудааст. Худованд сабрат дихад мулло доим ба нафъи чомеха истифода мешавед.

Ба милиса хама чиро ичозат додаанд, чунки милиса дар холате, ки ягон тахдид ба мансабдорон шавад зуд амал мекунанд.

Boss
Худованд хидоятшон кунад вагарна инхо аз Худо наметарсанд

МЛЕСА
Ин қаллобон диданд, ки ба милисаҳо чи гуна озодиҳо дода шудаасту аз имтиёзҳои чашмрас бархурдоранд, аз ин ҷиҳат ин усули қаллобиро истифода карданд. Агар мардуми тоҷикро "милиса омад" гӯӣ, аз тарс худашро ғарқ мекунад.

Хайрандеш
Ба хотири калбаки буданашон ба чавобгари кашида шудаанд? Агар милисахои конуни мебуданд чи? Ин гуна хукуквайронкуниро милисахои конуни низ содир мекунанд. барои чи ба мардум намефахмонанд, ки дар вакти сайру гашти зан бо мард милиса хукук надорад.ки пурсад, ки занат хаст ё арусшавандаат ё маъшукаат.

салом
бехуда халк дуо намекунанд ки илохо корат ба милисаву духтур наафтад!


уко
озодагон маколаи нав нависе. и мавзуъ як мох пеш дар телевизион намоиш дода буд. айб аст охир.

АМУ МААЗЗИН ЧИ ГУНЕХЕ ДОРАД КИ ПУЛ ДОДААСТ ВАГАРНА ЧАРО ПУЛ ДОД

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)