Қадрдонии Хайринисо Юсуфӣ бо ордени “Содружество“
Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагон, палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон ба муовини худ - Хайринисо Юсуфӣ ордени “Содружество” (Иттиҳод)-и Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди давлатҳои мустақилро тақдим кардааст.
Муҳаммадато Султонов, сухангӯи Маҷлиси намояндагон ба “Озодагон” гуфт, расми тақдими ҷоиза имрӯз, 10 март сурат гирифт. Ба иттилои ӯ, дар баробари хонум Юсуфӣ, Шукурҷон Зуҳуров ба вакил Ҷӯрахон Маҷидзода “Ифтихорномаи фахрӣ”-и Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ ва ба Бибидавлат Афзалшоева, Дилшод Исматуллоев ва Олимҷон Сафаров “Ифтихорномаи фахрӣ”-и Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди давлатҳои мустақилро супурдааст.
Оқои Султонов гуфт, вакилони тоҷик барои ҳамкории судманд ва нақши муҳимашон дар Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди давлатҳои мустақил ба ҷоизаҳо қадр шуданд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |