Иршод СУЛАЙМОНӢ
Масъалаи муносибати ҳокимияти иҷроия бо расонаҳо ва ё ҳамкории ин ду аз масаъалаҳои усулӣ ва асосӣ дар кишварҳои пасоистеъморӣ ва ҷомеаҳоест, ки тоза ба демократия расидаанд. Дар ин гуна кишварҳо дар муносибати ҳокимияти иҷроия бо расонаҳо ду масъалаи меҳварӣ вуҷуд дорад:
1. Озодии расонаҳо аз ҳокимияти иҷроия;
2. Шинохти ҳукумат аз расонаҳо.
Бар асоси назарияи озодии матбуот маҳаки асосӣ ва аслии озодии сухан ин аст, ки расонаҳо бояд аз ҳокимияти иҷроия озод бошанд. Ин ки оё мешавад, ки расонаҳо аз ҳукумати иҷроӣ озод бошанд, баҳси дигар аст. Аммо ба ҳар ҳол дар ҷаҳон таҷрибаҳои гуногуне вуҷуд доранд ва имконпазир будани ин амрро ба як воқеияти бебаҳс табдил додаанд. То замоне ки ин масъала дар ин гуна кишварҳо вуҷуд дорад, озодии матбуот яке аз масоили доғи ин давлатҳо боқӣ мемонад.
Масъалаи шинохти ҳукумат аз расонаҳо ва ё шинохти мақомоту мансабдорон аз расонаҳо ҳам аз аслитарин мушкили ҷомеаи расонаӣ мебошад. Бештарин мушкилоти дигари соҳа аз ҳамин масъалаи шинохт аз расонаҳо сарчашма мегиранд. Дар ин масъла омили марказӣ тафакккури ҳоким ва шаклгирифтаест, ки аз назари мо ғалат мебошад. Бар асоси ҳамин тафаккури ҳоким гӯиё расонаҳо оппозитсиюни ҳукумат бошанд. Ҳарчанд ки оппозитсиюни ҳукумат будан дар асри ҳозир кори баде ҳам нест ва як амали маъмулӣ ҳисобида мешавад. Вале дар воқеъ оё расонаҳо оппозитсиюни ҳукуматанд ва оё метавонанд, ки мухолифи ҳукумат бошанд? Баҳси мо сари ҳамин матлаб аст.
Шонохти дурусту воқеӣ аз расонаҳо бояд бар ин асл устувор бошад, ки мо ба озодии сухан ва расонаҳо эҳтиром қоил бошем. Озодии сухан ҷузъе аз озодиҳои сиёсист, ки маҳаки ҷомеаи демократиро ташкил медиҳад. Бо тафовут аз дигар навъи озодиҳо озодии сиёсӣ ба алоқамандии шаҳрванд ва давлат бастагӣ дорад ва озодии сухан як масъалаи сиёсист. Дар ҷомеаи ҳуқуқбунёд бо тафовут аз ҷомеаҳои тотолитарӣ танҳо озодиҳои сиёсии ҳуқуқӣ вуҷуд доранд. Озодии сиёсие, ки берун аз ҳуқуқ, аз тариқи давлатмардон, мансабдорон ва ё мақомоти гуногун дода мешавад нишонаи ҷомеаи тотолитарист. Оппозитсиюни давлат ва ё ҳукумат ҳизб, танзим ва гуруҳҳое дониста мешавад, ки ҳадафи расидан ба қудрати сиёсиро доранд. Ин ҳадаф метавонад аз роҳҳои қонунӣ дар асоси рақобатҳои сиёсӣ татбиқ шавад ва ҳамчунин мо шоҳиди аз роҳҳои номашруъ ва ғайриқонунӣ дунбол шудани ин аҳдофро ба мушоҳида гирифтаем.
Расонаҳо, табиатан ва зотан на танҳо ҳадафи расидан ба қудрати сиёсиро надоранд, балки наметавонанд дошта бошанд. Ин ки расонаҳо дар мубориза ва рақобатҳои сиёсӣ яке аз авомили калидӣ мебошанд масъалаи дигар аст. Дар Тоҷикистон ҳам аз лиҳозӣ ҳуқуқӣ ва аз диди қонун расонаҳо субъекти мубориза ва рақобатҳои сиёсӣ нестанд. Пеш аз ҳама расонаҳо аз нигоҳи назариявӣ ва илмӣ як ҳадафи асосӣ доранд: таъмини мардум бо иттилоъ. Ин ки иттилоъи нашрнамудаи расонаҳо хуб аст ва ё бад бастагӣ ба расонаҳо надорад. Бастагӣ дорад ба ҷомеа ва ҳукуматҳо. Зери мафҳуми иттилоъ танҳо хабар (новости, news) бояд фаҳмида нашавад. Аз нигоҳи назарияи журнализм иттилоъ набояд муғризона ва бо ҷонибдорӣ аз гуруҳе ва ҳаракати сиёсие пахш шавад. Балки иттилоъ бояд бетарафона, холисона, бо риояти қонун ва ҳақиқат иншо ва пешниҳод гардад.
Иттилоъ метавонад иттилои хуб ва нохуб, бад бошад. Аммо барои расона иттилоъ ба баду хуб ҷудо намешавад, муҳим ин аст, ки дар расондани иттилоъ расона дуруст муносибат кунад ва аз қонун ва ҳақиқат берун пой нагузорад. Ҷомеа мабнӣ бар табиати иттилоъ тафкик мегузорад, ки иттилоъ мусбат аст ё манфӣ. Барои намуна: бунёд ва баҳрабардории як беморхона барои ҷомеа иттилои мусбат аст. Аммо ифшои фасоди моливу идорӣ дар кобинаи вазири тандурустӣ иттилои манфӣ ҳисоб мешавад. Аммо барои расона ин ҳар ду иттилоъ мебошанд ва ба мусбату манфӣ таҷзия намешаванд. Ҳарду навгонӣ ҳастанд ва бояд ҷомеа ин ҳардуро бидонад ва дурусту саривақтӣ пешниҳод кардани ин иттилоъ вазифаи расона ва рӯзноманигор мебошад. Аммо вақте иттилое, ки камбуд ва нуқси ҳукумати иҷроия, мансабдорони давлат ва мақомотро ифшо мекунад аз тариқи расонаҳо нашр мешаванд ба маъное фаҳмида мешавад, ки гӯиё расонаҳо мухолифи ҳукумат бошанд. Ба истилоҳи маъмули мо “ҳукуматро чап гирифтаанд”. Ин тафаккур ва ин тарзи шинохт ғалат мебошад.
Ҳукумат ва мансабдорони давлат дар фаҳмиши худ озодии баён ва мавқеъҳои сиёсиву шаҳрвандиро як навъи мухолифат медонанд. Чун дар кишвари мо бештар расонаҳои мустақил ба пахши иттилои марбут ба камбуду қонуншикании мақомот ва низом мепардозанд аз ҷониби мансабдорону мақомот ба унвони мухолифини сиёсӣ ва ақидатии ҳукумати иҷроия шинохта мешаванд. Сарчашмаи аслии мухолифат ва ба ду табақа; расонаҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ ҷудо кардани расонаҳо дар Тоҷикистон ҳам ҳамин навъи ғалати шинохт ва тафаккури ҳоким мебошад. Ифшои нуқс, камбуд ва дигар асрори ғайриқонунии мансабдорон ва шахсони алоҳида аз тариқи расонаҳо набояд ба маънои мухолифат ва кина фаҳмида шавад. Ин рисолати аслии расонаҳо аст.
Ҳокимияти иҷроия бояд расонаҳоро ба сифати ёвар ва ҳамкори худ дар мудирияти давлат бишносад. Аз сӯйи дигар расонаҳо бояд дар мавриди муваффақияти ҳукумат самимона истиқбол кунанд ва дар мавриди камбуд ва номуваффақияташ интиқод дошта бошад ва ҳатто интиқоди шадид. Яке аз дигар омилҳои ба сифати оппозитсиюн шинохтани расона дар кишварҳое назири Тоҷикистон ба хосияти қудрати сиёсӣ бастагӣ дорад. Ҳокимияти иҷроя, ки қудрати сиёсиро дар даст дорад бояд худро кафили рушди ҷомеа бидонад ва дар ин баробар ҳамагуна ошкорсозиҳои расонаҳо ва рӯзноманигорони алоҳидаро ба унвони шарикӣ бипазирад, на ба маънои мубориза ва рақобат. Иродаи ҳукумат барои рушди озодии баён бояд ҳам эҳсос шавад ва ҳам ҳувайдо бошад.
Вақте расонаҳо наметавонад аз нигоҳи илмӣ (назариявӣ) ва ҳуқуқӣ (қонун) мухолифи давлат бошанд, пас мояи нигаронии ҳукумат чист ва ин қадар фишор болои расонаҳо ва рӯзноманигорон чарост? Инҷо паҳлӯи дигари ҳамин масъала вуҷуд дорад. Расонаҳо метавонанд дар мубориза ва рақобатҳои сиёсӣ аз ҷониби ҳизбҳо, гуруҳҳои алоҳида ва ҳатто кишварҳои хориҷӣ (барои аҳдофи геополитикӣ ва геоистротежик) истифода шаванд. Мисле, ки ҳукуматҳо расонаҳои марбут ба давлатро барои ҳамин гуна аҳдоф ва таблиғи худ истифода мекунанд. Ин чиз дуруст аст? Албатта не. Вақте расонаҳо аз ҷониби гуруҳҳои алоҳида ва ҳатто ҳукумат истифода мешаванд асоситарин принсипи фаъолияти онҳо ва расондани иттилоъ; бетарафӣ ва беғаразӣ халадор мешавад. Вале табиати инсонӣ ва воқеиятҳои иҷтимоӣ дар тӯли таърих собит кардааст, ки расонаҳо наметавонанд, ки бидуни ҷонибдорӣ фаъолият кунанд. Дар Ғарб ҳам расонаҳо аз ин ё он ҳизб ҷонибдорӣ мекунанд. Дар Амрико, Бритониё, Олмон ин таҷриба як амри маъмул аст ва бештари расонаҳо ҷонибдории худро бо сароҳат эълон мекунанд. Вале дар ин ҷонибдорӣ набояд принсипҳои озодии сухан ва пахши иттилоъ нодида гирифта шаванд.
Дар Тоҷикистон ҳизбҳои сиёсӣ қудрати молии фаъол кардани расонаҳои худро надоранд (албатта ба истиснои ҳизби ҳокими халқии демократӣ). Вақте ин гуна қудратро надорад дар бораи истифодаи расонаҳо аз ҷониби ҳизбҳо ва гуруҳҳои сиёсӣ ҳарф задан бемаврид аст. Ва ҳамчунин мушоҳида намешавад, ки расонаҳои мо дар ҳоли ҳозир ҳамин гуна як тамоюл дошта бошанд. Тарафи дигари қазия, ки расонаҳо аз ҷониби кишварҳои хориҷӣ истифода мешаванд ё не кори мақомоти марбутаи давлат аст. Мушаххас кардани ин омил бисёр кори мушкил аст ва худи мақомоти марбутаи давлат таҳқиқу иктишоф мебаранду муайян мекунанд. Ин бастагӣ дорад ба масъалаи таъмини амният ва субот дар кишвар.
Аз назари мо омили аслии ин ки мақомот ва мансабдорон расонаҳо ва рӯзноманигоронро ба унвони оппозитсюн мешиносанд ин аст, ки расонаҳо ҳамвора камбуд ва норасоиҳои ҷомеаро ифшо мекунанд, мансабдоронро интиқод мекунанд ва короиву нокории низомро ба таҳлил ва баррасӣ мегиранд. Ин амалкард рисолати расонаҳост ва аз сӯйи дигар як амалкарди машруъ ва қонунӣ мебошад. Аммо мақомот, мансабдорон ва гуруҳҳои алоҳидаи манфиатдори иқтисодиву сиёсӣ ин амалкардро ба маънои дахолати расонаҳо ба кору рӯзгори худ медонанд ва барои ҳимояти манфиатҳои иқтисодиву сиёсии худ талош мекунанд, ки аз расонаҳо оппозитсиюни ҳукумат битарашонад. Замоне ки ҳафтаномаи “Рӯзи нав” вориди майдони матубот шуда буд, як шиор дошт, ки тақрибан чунин буд; “Мо оппозитсияи ҳукумат нестем, мо оппозитсияи мушкилоти мурдуми Тоҷикистонем”. Ин кор дақиқ аст, ки ба манфиати расонаҳо нест ва ҳамин тур ба манфиати ҳукумату ҷомеа низ намебошад. Пас чӣ бояд кард, ки мукшили озодии матбуот дар ҷомеаи мо як каме ҳал бишавад ва ҳамин гуна тафаккурҳои ғалат ва сохтани қолабҳои нозарур аз байн бираванд? Посух ба ин суол таҳқиқоти густарда мехоҳад ва ҳамчунин дар қолаби як матлаби расонаӣ намеғунҷад, вале ба унвони роҳкорҳо ва иқдомоти муассир мешавад чанд назарро дар хулоса зикр кард:
1. Пеш аз ҳама заминаҳои пахши иттилои марбут ба камбуду нуқси ҳукумат ва мансабдоронро бояд аз байн бурд. Аз байн бурдани ин заминаҳо ба маънои истифодаи зарфиятҳои маъмуриву сиёсӣ нест, балки ислоҳоти иҷтимоӣ бояд сурат гирад ва шарокату ҳамкории расонаҳо бо ҳукумат дар заминаи ҳавасмандии низом барои рушд додани озодии баён роҳандозӣ шавад. Барои намуна давлат ҳавасмандии худро аз шарокати расонаҳо дар умури ислоҳи низом ва ҷомеа бо расондани ёрмандиҳои моливу моддӣ изҳор кунад;
2. Мансабдорони давлатӣ ва мақомоти дигар навъи фаҳмиши худро аз расонаҳо тағйир бидиҳанд, онҳоро ба унвони як мухолиф ва рақиби сиёсӣ нашиносанд, балки бояд аз мавқеи як мансабдори муосир ва таҷрибаҳои мудириятӣ бархӯрд намоянд;
3. Волояти қонун таъмин гардад ва садоқат ба ҳарфи қонун ниҳодина шавад ва шаҳрвандон (расонаҳо) худро дар ҳимояи қонун бубинанд;
Дар шароите, ки Тоҷикистон қарор дорад ниёз ба оппозитсиюн будани расонаҳо нест ва ҳамчунин набояд расонаҳо оппозитсиюн дониста шаванд, балки зарурати шадиди ҳамкорӣ ва шарикии танготанги расонаҳо ва ҳокимити иҷроӣ барои рушд ва ободии кишвар вуҷуд дорад. Мо бояд бо истифода аз таҷрибаи мавҷуд дар минтақа ва дунё талош кунем, ки зарфияти расонаҳоро барои расидан ба саъодати миллӣ истифода кунем.