Бахшҳо

Додситонии кулл: Масҷидҳои ғайрирасмӣ яке аз манбаҳои паҳнкунии ғояҳои ифротгароӣ мебошанд

Додситонии кулли Тоҷикистон мегӯяд, беш аз 900 масҷиди ғайрирасмӣ ба марказҳои фарҳангӣ табдил ёфта, 638-тои дигар ғайриқонунӣ фаъолият доранд.

Ба иттилои ин ниҳод, бар пояи маълумоти Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ дар баробари 3 ҳазору 937 масҷиди расмӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ 1565 масҷиди ғайрирасмӣ фаъолият дошта, онҳо пурра ба муассисаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ табдил дода шудаанд: “Дар асл санҷишҳои мо муайян намуд, ки танҳо 927 масҷиди ғайрирасмӣ ба марказҳои фарҳангӣ табдил дода шуда, 638 адади боқимонда бар хилофи талаботи қонун фаъолияти худро идома дода истодаанд”.

Дар робита Додситонии кулл унвонии раиси Кумитаи дин, раисони вилоятҳо ва шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ 37 санади прокурорӣ ирсол кардааст: “Солҳои охир назорати иҷрои қонун “Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ пурзӯр карда шуда бошад ҳам, бино бар ба таври дахлдор фаъолият накардани мақомоти салоҳиятдори соҳа, қонунвайронкуниҳо дар ин самт ба таври воқеӣ бартараф карда нашуда, хусусияти такроршавандаро касб намудаанд”.

Додситонии кулл мегӯяд, “рафти тафтиши парвандаҳои ҷиноятӣ оид ба ҳодисаҳои рӯзҳои 3-4 сентябр муайян намуд, ки яке аз манбаҳои паҳнкунии ғояҳои ифротгароӣ, таълимоти ғайриқонунии динӣ ва ҷойи нишасту вохӯриҳои пинҳонии гуруҳҳои ифротӣ масҷидҳои ғайрирасмӣ мебошад”.
Мӯҳр
офарин додситон масчидхоро агар халк сохта бошад пас шумо гунахгори асосиро ефтаед ва тезтар делои чинои кушоед

сияуш
Чаноби додситон масчити як кучаро мебандеду масчиди дигар кучаро не алакай байни мардум ихтилоф пайдо мешавад бояд хамаи масчитхоро баст ва дар ин рузи бухрони иктисоди ба фуруш гузоред МО дар давлати демократии зиндаги мекунем ку

Мухочир
Пас чаро рестаранзо ва диско клубхоро намебанден? Магар кам холатхое хастанд,ки дар вакти масти одам куши мешавад? ё ин ки баназари шумо дар холати масти одами бегунохро куши хеч гап надорад? Чаро арак фуруширо манд намекунед? Чаро заводои арак ва пиваро намебандет?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)