Тавсияи гузоришгари СММ барои худдорӣ аз референдум ва интиқодаш аз бастани ҲНИТ: Назди наҳзатиҳо роҳам надоданд...
Девид Кэй, гузоришгари махсуси Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи инсон, ки тайи як ҳафтаи охир дар Тоҷикистон қарор дошт, имрӯз, 9 март дар Душанбе аз натиҷаи сафар ва хулосаю мушоҳидаҳояш ба рӯзноманигорон гузориш дод.
Кэй аз натиҷаи мулоқотҳояш бо қишрҳои гуногуни ҷомеаи Тоҷикистон изҳор дошт, ки мақомоти тоҷик мубориза ва ҷинояткорӣ ва таъмини амниятро вақтҳои охир баҳона барои решакан кардани гуногунандешии сиёсӣ кардаанд. Ӯ аз фишор болои ВАО, фаъолони ҷамъиятӣ ва ҳуқуқшиносон изҳори нигаронӣ карда, изҳор дошт, ки мақомоти Тоҷикистон тариқи сайтбандиҳо дастрасӣ ба иттилоъро маҳдуд кардаанд.
Ӯ дар мавриди Ҳизби мамнӯшудаи наҳзати исломии Тоҷикистон изҳор дошт, ки бастани ҳизб, боздошти аъзоёни он мояи нигаронӣ аст. Ӯ махсусан махфӣ сурат гирифтани таҳқиқоти парванда алайҳи аъзои боздоштшудаи ҲНИТ-ро мавриди интиқод қарор дода, афзуд, ки талошҳояш барои мулоқот бо наҳзатиҳои боздоштшуда натиҷа надод: “Ман аз намояндагони мақомот барои мулоқот бо аъзои боздоштшудаи ҲНИТ дархост кардам, аммо иҷозат надоданд”. Гузоришгари вижаи СММ дар изҳороташ хостори раҳоии аъзои боздоштшудаи ҲНИТ шуд.
Девид Кэй илова намуд, ки дар ҳоли ҳозир ду эроди умумӣ дорад: “Аввал ин ки ҳукумат вазъи амниятии кишвар ва мубориза бо терроризму экстремизмро ҳамчун баҳона барои расидан ба ҳадафҳои худ истифода мекунад, озодии баёнро маҳдуд месозад”.
Ба гуфтаи Кэй ҳукумат бояд барои худ мушаххас кунад, ки экстремизму терроризм чист? Ӯ изҳори боварӣ намудааст, ки таъмини озодии баёну ақида сарчашмаи рушди шахсӣ ва муътадилию субот дар ҷомеа мебошад.
Дар мавриди раъйпурсии умумихалқӣ барои вуруди тағйиру иловаҳо ба Сарқонун, ки 22 май дар назар аст, гузоришгари СММ тавсия дод, ки ин маърака баргузор нашавад. Ӯ гуфт, ба эҳтимоли зиёд ин маърака бидуни баҳсу баррасии озод сурат мегирад ва ҳукуматдорони тоҷик дар баргузории ин раъйпурсӣ ҳадафҳои худро доранд. Кэй аз ҷумла ироаи ҳаққи бемаҳдуд барои пешниҳоди номзадӣ ба раисиҷумҳури Тоҷикистонро хилофи меъёрҳои демократӣ хонда, бори дигар таъкид намуд, ки дар гузоришаш тавсия хоҳад дод, то раъйпурсӣ барои тағйири Сарқонун баргузор нашавад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |