Боздошти судя Холиқзода ҳангоми порагирӣ дар Боғи Рӯдакӣ
Оҷонсии мубориза бо фасоди Тоҷикистон аз боздошти Халил Холиқзода, судяи Суди шаҳри Душанбе бо иттиҳоми порагирӣ хабар дод.
Тавре аз ин ниҳод ба “Озодагон” иттилоъ доданд, Холиқзода моҳи январи соли равон барои манфиати падари шаҳрванд "Б" ҳал намудани баҳси манзили истиқоматӣ, ки дар истеҳсолоташ қарор доштааст, 2 ҳазор доллари амрикоӣ пора талаб кардааст: “Аз маблағи талабнамудааш бори аввал 1000 доллари амрикоиро дар назди Маркази савдои Садбарг гирифтааст”.
Ба иттилои манбаъ Холиқзода ҳангоми гирифтани 1000 доллари боқимонда дар саҳни боғи Устод Рӯдакӣ дар маркази Душанбе боздошт шуд: “Аз ӯ маблағи пулӣ ҳамчун далели шайъӣ мусодира гардида, таҳқиқи парвандаи ҷиноӣ алайҳаш идома дорад”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |