Шанбе, 5 Апрел 2025
АКС: Ноболиғон дар Рӯдакӣ 3 гранатамёт ва норинҷаку автомат ёфтаанд

Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон, Муҳаммадазими Муҳаммадалии 14-сола ва Амиршоҳ Нодирови 11-сола, сокинони ноҳияи Рӯдакиро барои зиракӣ ва дарёфти махфигоҳи силоҳу лавозимоти ҷангӣ бо ноутбук қадрдонӣ кардааст.
Тавре аз Вазорати умури дохилӣ ба “Озодгон” иттилоъ доданд, рӯзи 6-уми март Муҳаммадазими Муҳаммадалӣ, хонандаи синфи 8-уми мактаби миёнаи таҳсилоти умумии №77-и деҳаи Гулбуттаи ноҳияи Рӯдакӣ ва Нодиров Амиршоҳ Сайалиевич, хонандаи синфи 5-уми мактаби миёнаи таҳсилоти умумии №77-и ноҳияи Фирдавсӣ ба мақомоти милиса муроҷиат карда, арз доштаанд, ки дар обанбори маҳаллаи Гулбуттаи ноҳияи Рӯдакӣ махфигоҳ бо 3 гранатамёт ва дигар лавозимоти ҷангиро дарёфт кардаанд: “Ҳангоми идома додани амалиёти тозакунӣ аз тарафи гурӯҳи оперативӣ-тафтишотӣ, инчунин 1 автомати АКМ, 1 норинҷаки дастӣ, маводҳои тарканда ва тирҳои қутрашон гуногун дарёфт ва мусодира карда шуд”.
Вазорати умури дохилӣ афзуд дар баробари наврасон, волидайни онҳо - Нодиров Сайалӣ Саидович, Муродова Гулистон Саймутдиновна, сокинони ҷамоати Чимтеппаи ноҳияи Рӯдакӣ ва Мирзоев Муҳаммадалӣ Маҳмадсаидович, Мирзоева Моҳсафар Собировна, сокинони деҳаи Гулбуттаи ноҳияи Рӯдакӣ бо «Ифтихорнома»-и ВКД ва маблағҳои пулӣ сарфароз гардонида шуданд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |