Эътирози хонаводаи Фархунда аз Душанбе алайҳи ҳукми ниҳоии додгоҳ
Додситонии кулли Афғонистон шоми 7 март аз анҷоми таҳқиқи қазияи қатли Фархунда, ки 19-уми марти соли гузашта аз ҷониби тӯдаи мардон бо иттиҳоми қуръонсӯзӣ дар шаҳри Кобул кушта шуд, хабар дод.
Тибқи иттилои расонаҳои Афғонистон бо қарори Додгоҳи олии Афғонистон ниҳоятан ҳукми қатли 4 муттаҳами асосӣ лағв гардида, муҳлати ҳабсашон низ то 10 сол поин оварда шуд. Расонаҳои Афғонистон мегӯянд, аз 49 нафаре, ки қаблан бо иттиҳоми қатли Фархунда боздошт шуданд, ҳамагӣ 13 нафарашон мавриди муҷозоти ҷиддӣ қарор гирифтанд.
Фаъолони ҷомеаи Афғонистон мегӯянд, омилони асосии қатли Фархунда беҷазо монданд ва вакилони дифои хонаводаи Фархунда изҳор доштаанд, ки давоми ду моҳи оянда аризаи шикоятияшонро ба мақомоти Афғонистон пешниҳод хоҳанд кард.
Дар пайи эълони ҳукми ниҳоӣ хонаводаи Фархунда низ, ки бо далелҳои амниятӣ дар Тоҷикистон паноҳ бурдаанд, садо баланд карданд. Муҷибуллоҳ Маликзода, бародари Фархунда аз шаҳри Душанбе дар тамоси телефонӣ бо “The New York Times” изҳор доштааст, ки аз қарори ниҳоии Додгоҳи олии Афғонистон на танҳо хонавода, балки тамоми халқи Афғонистон норозӣ аст: “Ман намегӯям, ки ҷинояткорон бидуни муҳокима қатл шаванд, ҳамон тавре, ки хоҳарамро қатл намуданд. Ман хоҳони волоияти қонун ва адолатам, ки амалӣ нашуд”.
Фаъолони ҷомеаи шаҳрвандии Афғонистон дар ВАО эълон кардаанд, ки барои муҷозоти ҳамаи омилони марги Фархунда мубориза хоҳанд бурд.
Фархунда, як духтари 27- солаи афғон аст, ки рӯзи 19-уми марти соли гузашта аз ҷониби тӯдаи мардон бо иттиҳоми қуръонсӯзӣ дар шаҳри Кобул - пойтахти Афғонистон кушта шуд. Вале дар пайи тафтиши ин қазияи пулиси Кобул эълон кард, Фархунда Қуръонро насӯзондааст. Қаблан дар парвандаи қатли Фархунда номи 50 мутаҳам зикр мешуд, ки 19 нафари онҳо пулис буданд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |