Шарҳи расмии боздошти сокинони Роғун: Барои ифротгароӣ ва шоҳидӣ...(АКСУ ВИДЕО)
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон имрӯз, 10 март бо нашри як изҳорот боздошти гуруҳи сокинони шаҳри Роғунро шарҳ додаст.
Тибқи иттилоияи ин ниҳод, ки дастраси “Озодагон” шуд, чанде аз сокинони шаҳри Роғун барои шомилшавӣ ба гуруҳҳои ифротгароӣ-экстремистӣ дастгир ва баъзеи дигар барои бозпурсӣ ҳамчун шоҳид ба сохторҳои мақомоти корҳои дохилӣ даъват карда шудаанд.
Вазорати умури дохилӣ таъкид мекунад, ки хабари расонаҳо дар мавриди таҷаммӯи наздикони боздоштшудаҳо дар назди шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Фирдавсӣ асос надорад: “Касе аз пайвандону наздикони онҳо дар назди ШВКД ноҳияи Фирдавсӣ ҷамъ наомадаанд ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин ҷамъшавии ғайриқонуниро манъ намудааст, ки инро мардум медонанд”.
ВКД таъкид намудааст, ки чораҳои андешидашуда аз тарафи мақомоти корҳои дохилӣ ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба таъмини амнияти шаҳрвандон, тинҷию осудагии мардуми Тоҷикистон равона гаштааст.
Ин дар ҳолест, ки рӯзи 9 март як гуруҳ аз сокинони шаҳри Роғун дар назди Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе гирди ҳам омадаанд.
Хабарнигори "Озодагон" мегӯяд, бештари ин афрод занҳо буда, бо мақсади муайян кардани ҷойи нигаҳдории наздикони боздоштшудаашон ҷамъ шудаанд. Яке аз ин занҳо ба хабарнигори мо гуфт, чор рӯз мешавад, даҳҳо ҷавонро аз шаҳри Роғун ва рустои Қалъаи Нав боздошт ва ба Душанбе интиқол додаанд: “Мо аз ҳоли онҳо хабардор нестем. Гуфтанд, ки онҳоро ба ШКД-и Фирдавсӣ овардаанд. Ҳоло барои аниқ кардан омадем”.
Пайвандони ҷамъомада мегӯянд, дасти кам 35 ҷавон боздошт шудааст: "Аз баъзе хонаводаҳо то се нафарро ҳам боздошт кардаанд".
Яке аз дигар занҳо гуфт, афроде бо либоси мулкӣ писарони 27 ва 29-сола ва набераи 19-солаашро бо худ бурдаанд: “Салафӣ гуфта бурданд. Мо ба куҷо равем, ба кӣ арз кунем? Хӯрокҳои овардаамонро гирифта, фарзандонамонро нишон намедиҳанд. Фаҳмидем, ки имрӯз онҳоро ба “СИЗО” мебаранд. Чор рӯз шуд ҳаминҷо мунтазирем, ки як хабар аз фарзандонамон фаҳмем, вале касе аз ҳоли мо намепурсад”.
Сару садоҳое низ ҳаст, ки ин афрод барои гузоштани риш дастгир шудаанд, аммо ба гуфтаи як зан аз деҳаи Қалъаи Нав, писараш умуман риш надошт. “Милисаҳо ба хонаи мо омада, писарамро бурданд. Гуфтанд, дар “пост” як чизро мепурсему гирифта меорем”.
Ҳуринисо, яке аз дигар занҳои ҷамъшуда гуфт, сабаби боздошти писари 24-солааш, ки мактаби низомиро хатм кардааст, барояш норӯшан аст: “Ман соҳиби 7 писар ҳастам. Ду писари дигарам низ дар мактаби ҳарбӣ таҳсил доранд. Барои чӣ намегӯянд, ки сабаби боздошти бачаҳои мо дар чист? Мо гуреза нестем, чаро ин корро мекунанд, магар ҳоло ҳамин гуна қонун аст? Ман писарамро хононда, гуфтам, ки хидмати президентро кунад, нагуфтам, бачаи гуштингири маро боздошт кунанд. Ман ҳамчун модар мегӯям, агар фарзанди ман гунаҳкор бошад, давлат ҷазояшро диҳад, вале чаро бе ягон сабаб писарони моро оварда, ҳатто дар куҷо буданашонро намегӯянд?”
Як зани дигар гуфт, писари 19-солаи хоҳарашро аз дохили ҳаммом боздошт кардаанд: “Хоҳарам мисли девона шуда, дар беморхона аст. Қасам хӯрдааст, ки агар ба писараш ягон кор шавад, худашро дар назди ягон идора оташ мезанад. Ҷияни ман як ҳарфи мусалмониро намедонист”.
Ӯ афзуд, “орд надорем, гурӯсна ҳастем, ду писарам дар замин побел доштанд, ки нафарони номаълум омада, онҳоро худ бурданд”. Бархе аз ин занҳо ҳамроҳи кӯдакони хурдсолашон назди ШКД омадаанд.
Қаблан, сокинони шаҳри Роғун аз боздошти чанд ҷавоне аз сӯи маъмурони пулис хабар доданд, ки соҳиби фурӯшгоҳҳо будаанд. Навбатдори пулиси Роғун имрӯз, 9 март дар як суҳбати кутоҳи телефонӣ ба “Озодагон” хабари боздоштро тасдиқ кард, аммо гуфт, тафсилоти онро аз Вазорати корҳои дохилӣ пурсед. Талошҳо барои тамос бо масъулини ВКД то ини лаҳза бенатиҷа буданд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |