Бахшҳо

Ҷазои нав барои мубодилаи ғайриқонунии асъор: 24 000 сомонӣ ҷарима, 9 соли ҳабс ва мусодира...

Маҷлиси намояндагон имрӯз, 9 март тағйиру илова ба Кодекси ҷиноӣ ва Кодекси маъмириро қабул намуд, ки бар асоси он барои муомилоти ғайриқонунӣ бо асъор то 9 соли зиндон ва 24 ҳазор сомонӣ ҷарима пешбинӣ шудааст.

Азизмуҳамммад Холмуҳаммадзода, вакили Маҷлиси намояндагон зимни муаррифии лоиҳа изҳор дошт, ки тағйироти мазкур муносибатҳо дар бозори асъори кишварро ба танзим медароранд.

Ҷамолиддин Нуралиев, муовини аввали раиси Бонки Миллӣ дар ҳимоят аз пурзӯр намудани ҷазо барои муомилоти ғайриқонунии асъор, изҳор дошт, ки ҳадаф на фишор, балки ҷилавгирӣ аз қонуншиканиҳо дар ин соҳа мебошад. Ӯ муҳимияти низоми бонкиро дар он арзёбӣ намуд, ки ба ҷайби ҳамаи шаҳрвандон таъсири худро мерасонад. Нуралиев аз фаъол будани бозори сиёҳ дар моҳҳои гузашта зикр карда, изҳор дошт, ки дар даҳ моҳ барои фаъолияти ғайриқонунӣ дар бозори асъор дастандаркоронро 1 миллиону 652 ҳазор сомонӣ ҷарима бастаанд. Ӯ илова намуд, ки ҷаримабандиҳо самараи дилхоҳ надоданд ва афроди алоҳида сарфи назар аз ҷарима такроран ба қонуншиканӣ даст мезаданд.

Ба гуфтаи Нуралиев муҷозот феълан мушаххас шуда, ҳаҷми ҷаримаҳо зиёд карда шуд.

Шамсулло Давлатов, масъули Бонки миллии Тоҷикистон дар шарҳи муҷозоти нав изҳор дошт, ки агар шахс бори аввал ба муомилоти ғайриқонунӣ бо асъор даст занад ба ҷазои маъмурӣ кашида мешавад: “Агар такрор кунад, ба ҷазои ҷиноятӣ кашида мешавад”.

Ӯ илова намуд, ки ҷазои маъмурӣ, яъне ҷарима барои шахсони воқеӣ аз 50 то 100 нишондиҳанда (2000-4000 сомонӣ), шахсони мансабдор аз 100 то 200 нишондиҳанда (4000 – 8000 сомонӣ), барои шахсони ҳуқуқӣ аз 300 то 600 нишондиҳанда (12 000- 24 000 сомонӣ) бо мусодираи ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ таъин мешавад.

Дар сурати такрори қонуншиканӣ ҳабс аз 4 то 9 сол пешбинӣ гардидааст.

Ин дар ҳолест, ки бар асоси қонунгзуории феълӣ ҳаҷми ҷарима барои муомилоти ғайриқонунӣ бо асъори хориҷӣ барои шахсони воқеӣ аз 10 то 20 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, шахсони мансабдор аз 30 то 40 нишондиҳанда ва шахсони ҳуқуқӣ аз 300 то 400 нишондиҳанда барои ҳисобҳо пешбинӣ шудааст.

Ҷамолиддин Нуралиев дар идома аз муҳайё будани рақобат дар бозори нақди кишвар суҳбат карда, илова намуд, феълан бонкҳое ҳастанд, ки як долларро бо қурби 7,65 сомонӣ пешниҳод мекунанд: “Мо рақобатро муҳайё мекунем. Лекин ҳозир ҳам ҳастанд камбудиҳо, ки мо барои бартараф намудани онҳо кор мекунем”.
Мӯҳр
Маълим
Ҳо бале! Барои дӯздии маблағҳои бюджети намешинонеду барои хариду фурӯши пули ҳалоли худаш мардумро паси панҷара мебаред. Ягон ақли фикр мекардагӣ монда бошад?
Ин пеши роҳи воридшавии пули нақд мегардад. Агар бовар накунед, таъсирашро баъд аз як сол дар системаи пулии кишвар ҳис хоҳед кард.

Безработный
Рахматои калон хама ба чазодихи усто . О ягон кас фикри халкро мекунад . Шароитро мухайё кунед худи халк интихоб мекунад пулашро бо кадом асъор гирад ва дар кучо иваз кунад. Ин амал халли масъала нест...

Худованд медонад ва гунахкор хам, ки Худованд онхоеро, ки зиндагии мардумро табох кардаанд, чазояш албатта медихад. Дар ин дунё набошад? дар он дунё хаст. Махсусан? агар аз дахони беваву бечораву сагера бошад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)