Пуштибонии Сироҷиддин Аслов аз ба расмият шинохтани Фаластин
Сироҷиддин Аслов, вазири умури хориҷии Тоҷикистон аз талошҳои роҳбарият ва мардуми Фаластин ҷиҳати ноилшавӣ ба эътирофи байналмилалӣ пуштибонӣ кардааст.
Бино ба иттилои Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, оқои Аслов аснои суханронӣ дар ҳамоиши панҷуми фавқулодаи Созмони Ҳамкории Исломӣ (СҲИ) дар умури Фаластин ва Қудси Шариф ҳамчунин ба “азсаргирии музокироти сулҳҷӯёнаи тарафҳои низоъ дар ҷаҳорчӯби абзорҳои байналмилалӣ, ҷустуҷӯи ҳалли одилона ва устувори масъала” даъват кардааст.
Ҳамоиши мазкур 7 март дар шаҳри Ҷакарта, пойтахти Индонезия сурат пазируфта, дар поёни он эъломия ва қатъномаи Ҷакарта доир ба Фаластин ва Қудси Шариф қабул гардид.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |