Таманниёти Эмомалӣ Раҳмон ба бонувони Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар паёми шодбошияш ба муносибати Рӯзи модарон, ба бонувони кишвар саломативу хушбахтӣ ва хонаободиву саодати рӯзгор орзу намудаст.
Тавре дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, Эмомалӣ Раҳмон бо зикри бузургии модар ва талошҳои ҳукумат барои ҳифзу таҳкими мавқеи зан дар ҷомеа, илова намудааст: “Ҳоло Тоҷикистон бино ба эътирофи коршиносон аз лиҳози шумораи намояндагони бонувону духтарон дар ҳамаи шохаҳои ҳокимияти давлатӣ яке аз ҷойҳои намоёнро ишғол мекунад. Мо бо ифтихор гуфта метавонем, ки имрӯз бонуи тоҷик роҳбари кордон, муҳаққиқи донишманд, табиби ҳозиқ, соҳибкори муваффақ ва албатта, тарбиятгару омӯзгори меҳрубон аст”.
Эмомалӣ Раҳмон дар хитоб ба бонувони кишвар таъкид намудааст, ки “нақш ва таъсири шумо, модарони азиз, дар амри тарбияи фарзандон, хусусан духтарони худ дар рӯҳияи сабру таҳаммул, эҳтироми суннату анъанаҳои неки миллӣ, аз ҷумла нигоҳ доштани иззату ҳурмати калонсолон ва сарфаю сариштакорӣ, ба роҳи дурусти ҳаёт ва барпо намудани оилаи солиму устувор ҳидоят кардани онҳо бузург ва ҳалкунанда мебошад”.
Ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон агар падару модарон фарзандро дуруст тарбия кунанд, фарзандон дар ҳаёт, албатта, хушбахт мешаванд, бо роҳи дуруст мераванд ва боғи падару модар мегарданд: “Дар навбати худ фарзандон вазифадоранд, ки эҳтироми волидайни хешро ба ҷо оранд, ба қадри ранҷу заҳмат ва меҳру муҳаббати падару модар расанд ва онҳоро дар даврони пиронсоливу беморӣ парасторӣ кунанд”.
Раисиҷумҳури Тоҷикистон дар идома аз ифротгароӣ ва терроризм зикр карда, илова намудааст, ки ин раванди хатарнок масъулияти модарону бонувонро боз ҳам зиёдтар карда, аз онҳо зиракӣ, ҳушёрӣ, назорати доимии фарзандон ва ба тарбияи онҳо ҷиддӣ машғул шуданро тақозо менамояд: “Зеро ба ҷуз модар каси дигар аз дили фарзанд огоҳ нест ва фарзанд низ модарро беҳтарин ва нахустин муаллими ҳаётии худ медонад”.
Дар охир Эмомалӣ Раҳмон бори дигар модарону бонувони кишварро табрик гуфта, ба ҳар кадомашон тандурустиву саодатмандӣ, дар хонадонашон сулҳу оромӣ, осмони беғубор, бахту иқболи нек ва рӯзгори ободу осуда орзу кардаст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |