Вазорати дифоъ тасмим барои зиёд кардани артишро рад кард
Вазорати дифои Тоҷикистон хабарҳо дар бораи тасмими Эмомалӣ Раҳмон барои зиёд намудани теъдоди ҳарбиён дар кишварро рад намуд.
Фариддун Маҳмадалиев, сухангӯи Вазорати дифои Тоҷикистон имрӯз, 7 март дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, зиёд кардани теъдоди нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон дар нақша нест: “Теъдоди мавҷудаи қувваҳои мусаллаҳ дар сурати сар задани ҳар гуна хатар барои ҳифзи марзу бум ва амняту суботи давлат кифоя аст. Қувваҳои мусаллаҳи кишвар барои ҳимояи марзу бум таъсис ёфтаанд, на барои ҳуҷум ва ё халал ворид намудан ба ягон кишвари дигар”.
Маҳмадалиев таъкид намуд, ки хабари расонаҳои русӣ, аз ҷумла “Независимая газета” дар бораи зиёд намудани теъдоди ҳарбиён воқеият надорад.
Ин дар ҳолест, ки расонаҳои русӣ бо такя ба манобеяшон хабар доданд, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон тасмим гирифтааст, теъдоди артиши тоҷикро аз 6 ҳазор афсару сарбози феълӣ ба 20 ҳазор нафар расонад.
Эмомалӣ Раҳмон дар паёми имсолааш ба парлумон, дар пасманзари мураккаб шудани вазъи амниятию сиёсӣ дар ҷаҳон ба ҳукумат супориш дода буд, ки маблағгузории мақомоти амният ва ҳифзи ҳуқуқро сол ба сол зиёд намояд, то вазъи моддию техникии ин сохторҳо барои мубориза бо хатарҳои муосир беҳтар шавад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |