Бахшҳо
07 мар 2016 12:36Тоҷикистон / Сиёсат

Сарбози содиқи Ватан ва раиси амнияти ҳукумати конститутсионӣ (БАХШИ 3)

Нуралӣ ДАВЛАТ
Сайдамир Зуҳуров, яке аз пояҳои асосии ҳукумати кунунӣ дар тӯли якуним даҳаи гузашта дар арафаи 65-солагиаш ба истеъфо рафт. Ӯ дар як суҳбат гуфт, аз ин ба баъд ба тарбияи набераҳояш машғул мешавад.

БАХШИ АВВАЛ

БАХШИ ДУВВУМ

МУЛОҚОТ ДАР ХОРУҒ

Полковник Муҳаммади Султон, яке аз собиқадорони Кумитаи амният менависад, “дар рӯзҳои вазнину даҳшатбори охири соли 1992 бо дасисаю фитнабозиҳои душманони дохилию хориҷи кишвар мардуми куҳистони Рашту Хатлону Бадахшон - бародарони ҳамқисмату ҳамнаво ба сари якдигар теғ кашида буданд, бинобар ин, дар он тӯфони кибру ғурур ҳамдигарнофаҳмӣ яке овози дигареро намешунид”.

Ба таъкиди ӯ, дар чунин шароит Сайдамир Зуҳуров тавонист дар идораи амнияти давлатӣ байни кормандони ин ришта - зодагони Рашту Хатлону Бадахшон ҳисси пешинаи дӯстию бародарӣ ва рафоқату ҳамдигарфаҳмиро аз нав зинда созад, ҳарчанд ин амал кори саҳл набуд, зеро гунаҳкору бегуноҳро фарқ карда намешуд: “Ҷаҳони ҷиноӣ, дуздону ғоратгарони амволи халқ дар кӯчаю паскӯчаҳои Душанбе аз номи мардуми Кӯлоб даст ба куштору яғмо зада, мадуми осудаҳолро ба ҳарос андохта буданд”.

Ба навиштаи ин полковник, раиси нав -- С. Зуҳуров чанд рӯз пеш аз соли нави 1992 панҷ зодаи Бадахшонро, ки дар сохторҳои мухталифи идораи Марказии Кумитаи амнияти миллӣ - аз муовини раиси Кумита сар карда, то дарбони оддӣ ифои вазифа менамуданд, ба дафтари кориаш даъват намуда, аҳволпурсию дилбардорӣ кард ва дар ҳузури раиси собиқи Шӯрои депутатҳои Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон Шоҳдавлати Шоҳдавлат чунин иброз дошт: “Ҳамкорони азизу бародарони меҳрубон! Садсолаҳост, ки мардуми ду манотиқи куҳистони ба ҳам наздику дӯст - Хатлону Бадахшон бо ҳам қаробату хешу таборӣ доранд. Ҳоҷҷат ба шарҳу эзоҳ нест: ҳар яке аз мо ки солиёни зиёд байни мардуми ин мавзеъҳо умр ба сар бурдаву кор кардаем, инро нағз медонем, аммо мутаассифона, имрӯзҳо ба душманони ошкорову пинҳонии миллати тоҷик муяссар шуд, ки бародарро алайҳи бародар хезонанд. Вале умри дурӯғ, найрангу фиреб кӯтоҳ аст. Муддате мешаваду бадахшиву кӯлобӣ мисли пешин бародарвор ҳамдигарро ба оғӯш мекашанд, дар сари як дастархон нону намак мехӯранд”.

Пас аз шунидани фикру ақидаи ҳозирон раиси Кумитаи амнияти миллӣ иброз дошт, ки ҳоло унсурҳои ҷиноятпеша фурсатро муносиб шуморида, дар шаҳр беибо сар бардоштаанд, бинобар ин таъмини амнияти шахсии шумо дар маҳалҳои зист кори басо душворест, бинобар ин ҳамаи шуморо ба муддати ду моҳ ба Бадахшон - ба сафари хидматӣ мефиристам ва шумо дар ихтиёри шӯъбаҳои шаҳру навоҳӣ ва вилоятии амнияти миллӣ кор хоҳед кард. Вазифаи аввалиндараҷа - аз аҳолӣ ҷамъ намудани силоҳ ва ҳифзи сарҳади давлатист.

Полковник М. Султон дар ин хотироти худ мегӯяд, субҳи рӯзи дигар чиҳилу панҷ нафар кормандони хадамоти амнияти кишвар савори чархболҳои ҳарбии сарҳадбонони Русия сӯи Бадахшон роҳ пеш гирифтанд ва ҳамин тадбири оқилонаи раиси нав дилгармӣ, меҳру муҳаббат ва ҳисси масъулияти зердастонро нисбати ҳифзи Ватани ягонаамон -- Тоҷикистон дучанд афзуд. Аз ин рӯ ба душвортарин лаҳзаҳои зиндагии хеш нигоҳ накарда, ҳар кадоме барои пойдор гаштани ҳаёти навин камари ҳиммат бастанд.

Дар ин мақолаи худ М. Султон таъкид мекунад, ки ин воқеа танҳо шаммаест аз корҳои хайрхоҳонаю бобаракати марди нексиришт С. Зуҳуров, ки барои ҳамкорону ҳамватанони хеш арзонӣ доштааст. Як собиқадори дигари Кумитаи амният, ки дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар Бадахшон фаъолият мекард, қисса мекунад, ки дар ҳамон даврони нооромӣ С. Зуҳуров ба Хоруғ сафар мекунад. Дар назди бинои ҳукумати вилоят як гуруҳи калони силоҳдорон чамъ шуда буданд, ки ҳукумати марказиро эътироф кардан намехостанд. Вақте С. Зуҳуров изҳор медорад, ки рафта ҳамроҳи онҳо суҳбат мекунад, роҳбарияти Раёсати вилоятии амният ӯро огоҳ мекунанд, ки пеши силоҳдорон наравад, зеро онҳо ба касе итоат намекунанд ва имкон дорад ягон нохушӣ сар занад. Вале Зуҳуров қотеъона изҳор медорад, ки рафта бо онҳо суҳбат мекунад ва арзу шикояташонро мешунавад.

Ба қавли ин собиқадори амният, фосилаи роҳи миёни бинои ҳукумати вилоят ва бинои Раёсати амнияти вилоят чандсад метр аст. Раис ба тарафи бинои ҳукумат харакат мекунад. Раиси Раёсати амнияти вилоят Парфёнов ҳам ҳозир намешавад, ки ҳамроҳи Зуҳуров бар ба бар қадам занад. Ӯ аз қафо, дар фосилаи дуртаре оҳиста–оҳиста роҳ меравад. Раиси КАМ бо силоҳдорон салом карда, дохили бино мегардад. Онҷо бо як марди солхӯрда, ки ҳама ӯро гӯш мекарданд, суҳбати муфассал мекунад. Зимни ин вохӯрӣ Зуҳуров мегӯяд, ин ҷангро бегонаҳо ба сари мо таҳмил кардаанд, бинобар ин, ҳоло набояд бозичаи дасти онҳо шуда, ҳамдигарро нобуд созему Ватанро хароб. Баъди анҷоми мулоқот он мард назди даромадгоҳи бинои ҳукумат баромада мегӯяд, мо бо ҳукумати марказӣ ҳеч ихтилоф надорем, бинобар ин, даъват мекунад, ки мардуми вилоят ва силоҳдорон ба ягон иғво дода нашаванд.

ДАР МИЁНИ МАРДУМ

Тавре дар бахши қаблӣ бо истинод ба шоира Гулрухсор гуфта будем, агар дар соли 1992 раиси КАМ-и ҳукумати қонунӣ интихоб намешуд, нисфи Тоҷикистон ғарқи хун мегашт ва нисфи бачаҳои бегуноҳ кушта мешуданд. Аммо воқеият ин аст, ки дар ибтидо Кумитаи амнияти миллӣ ба қадри кофӣ нерӯ надошт, то пеши роҳи бедодгариҳо ва кушторҳоро бигирад. Аз ҷониби дигар, худи ин ниҳод мушкилоти зиёде дошт, ки муҳимтаринаш нобоварӣ миёни кормандонаш буд. Чунон ки М. Султон зикр мекунад, дар тӯли беш аз ҳашт соли адои вазифа дар мақомоти марказии амнияти ҷумҳурӣ Сайдамир Зуҳуров ин сохтори қариб аз байн рафтаро аз нав эҳё кард. Мавсуф дар ин робита чунин мегӯяд: “Бесарусомониҳо дар ҷумҳурӣ, Тоҷикистонро тарк кардани мутахассисони баландпояи соҳаи амният, беилтифотию сангдилӣ ва номеҳрубонии аз гузашта меросмондаи сарварон нисбати зердастон ва садҳо мушкилоти дигари болои ҳам ранҷу заҳматашро дучанд беш мекарданд”.

Ба қавли ӯ, фақат дар соли 1993 Кумитаи амнияти ҷумҳуриро 280 муттахассиси соҳибтаҷриба тарк намуданд, бинобар ин, зарурат пеш омад, ки ба таври таъҷилӣ ба ҷойи онҳо ҷавононеро, ки майлу лаёқати дар ин ҷода кор кардан доштанд, ба кор даъват намояд. Ҳамин тадбир имкон дод, ки дар муддати кӯтоҳ кадрҳои ҷавони ба кор даъватшуда 80 фоизи кормандони амниятро ташкил диҳанд. Азбаски соҳибкасбони соҳа ангуштшумор монда буданд, Сайдамир Зуҳуров қарор дод, ки собиқадорони пешини хадамоти амниятро аз нав ба кор даъват намояд. Маҳз ҳаминҳо ҷавононро тарбия карда ба воя расонданд. Худи Сайдамир Зуҳуров дар яке аз нахустин мусоҳибаҳояш бо расонаҳои дохилӣ дар ибтидои соли 1993 роҷеъ ба ин мавзӯъ гуфта буд, ки дар натиҷаи таъсири воқеаҳои маълум теъдоди зиёди кадрҳои баландихтисос ва таҷрибанок аз Тоҷикистон рафтанд: “Ин раванд албатта ба натиҷаи кори мо бетаъсир намонд. Вале мо аз ин руҳафтода нашуда, кадрҳои ҷавонро ба кор қабул карда истодаем”.

Дар ҳамин мусоҳиба С.Зуҳуров таъкид мекунад, ки дар чанд моҳи аввали соли 1993 танҳо аз тарафи Раёсати марказии КАМ беш аз 300 миллион сӯм ба давлат баргардонда шуд. Яке аз масъалаҳои доғ овозаи хатар аз Афғонистон ба Тоҷикистон буд. Ин хатарро махсусан кишварҳои манфиатдор ва бадхоҳони дохилӣ барҷаста мекарданд, бинобар ин, раиси КАМ бо сароҳат эълон мекунад: “Мо то имрӯз дар мавриди дахолати Давлати исломии Афғонистон ягон маълумоти расмӣ надорем. Дуруст аст, ки баъзе гуруҳҳои мусаллаҳи он кившар, ки ба ҳукумати Кобул итоат намекунанд, ба гурезаҳои мусаллаҳи мо кӯмак мерасонанд”.

Раиси КАМ таъкид мекунад, ки ин гуруҳҳо мухолифини тоҷикро, ки дар Афғонистон паноҳ бурда буданд, бо силоҳу муҳимоти ҷангӣ таъмин карда, онҳоро дар лагерҳои махсуси низомӣ таълим дода, онҳоро ба Тоҷикистон мефиристанд, то ки ба муқобили ҳукумати тозатаъсисшуда ҷанг кунанд. С. Зуҳуров бо муроҷиат ба мардуми тоҷик мегӯяд, ин ҳаргиз маънои онро надорад, ки ҳукумати профессор Раббонӣ ва Аҳмадшоҳи Масъуд аз мухолифини тоҷик ҷонибдорӣ мекунад. Дар ин мусоҳиба раиси КАМ таъкид мекунад, ки ӯ тарафдори онҳое ҳаст, ки барои аз ин вазъияти мушкили сиёсиву иқтисодӣ баровардани ҷумҳурӣ ҳисса мегузоранд: “Ман аз онҳое пуштибонӣ мекунам, ки ақаллан як зарра ҳам бошад барои оромӣ, осоиштагӣ, сулҳу салоҳ, якдигарфаҳмӣ кумак мерасонад. Ман тайёр ҳастам, ки бо ин қабил инсонҳо ҳамкорӣ кунам”.

Ӯ таъкид мекунад, мо бояд аз олимонамон, шоиронамон, нависандагонамон, кормандони маданияту санъат пуштибонӣ кунем, аммо онҳо низ дар навбати худ бояд барои ваҳдату якпарчагии Тоҷикистони ба ҳамаамон азиз саъю кушиш намоянд: “Ман бисёр дар хиҷолат ҳастам, ки устод Сотим Улуғзода, маликаи рақс Зебо Аминзода ва боз чанди дигар арбобони илму санъат аз Тоҷикистон рафтанд. Онҳоро ба Ватан овардан даркор. Тоҷикистон хонаи умеди мост ва баҳри ободии он ҳама якдилу яктан шуд, бояд кору зиндагӣ кунем”.

Раиси КАМ танҳо бо барқарор кардану мустаҳкам кардани ин ниҳод маҳдуд нашуда, дар чунин шароити вазнин, ки дар Душанбе ва дигар ноҳияҳои ҷангзада хатари террору куштор вуҷуд дошт, сафар мекард. Дар миёни мардум мегашт ва вазъиятро бо чашми сар меомӯхт. Азбаски гоҳ –гоҳе дар телевизион ва матбуот раиси КАМ суханронӣ мекард ва ё Изҳорот пахш мекард, мардум дигар ӯро мешинохт. Касоне, ки дар он солҳо дар шаҳри Душанбе зиндагӣ мекарданд, дар ин гӯшаву он гӯша, дар ин ё он бозори пойтахт Зуҳуровро медиданд, ки тани танҳо пайдо мешуд. Шояд ӯро муҳофизон ҳамсафарӣ мекарданд, вале инро дар ҷойҳои серодам пай бурдан мушкил буд.

Ман хуб ёд дорам, ки вақте соли 1993 дар маҳаллаи 33-юм раиси КАМ-ро дидам, нахуст бовар накардам, ки ӯст. Баъдтар фаҳмидам, ки пайдо шудани эшон дар шаҳр миёни мардум барқосо паҳн мешудааст. Чандин бор шоҳид будам, ки мардуми аз вазъият дар ташвишбуда аз ҳамдигар мепурсиданд, ки оё рост аст, ки дирӯз ё чанд рӯз қабл раиси КАМ дар ин ё он минтақаи шаҳри Душанбе миёни мардум озодона мегаштааст. Пайдо шудани Зуҳуров дар шаҳри ноороме, ки чанд муддат қабл дар он анархия ҳукмронӣ мекард, ва террору куштор ҳанӯз идома дошт, таъсири бузурги равонӣ мерасонд. Сокинони пойтахт бо фаро расидани торикӣ қариб ки аз хона берун намеомаданд. Танҳо зарурати сахт метавонист сокинонро аз хона берун бароварад. Ва касоне ҳам ки ҳам берун меомаданд, мекушиданд то шурӯи қуюди шабгардӣ худро ба манзил расонанд.

(идома дорад)
Мӯҳр
салим
Хизмати с. зухуровро боях кадр кард. дар хакикат марди майдон Буда то охир силикона ба Ватан ва сам вами давлат хизмат кардааст

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)