(Акс) Медали тиллои Назиров дар Туркия ва нишони биринҷии Ҷебов дар Русия
Ёқуб Назиров, паҳлавони навраси тоҷик дар мусобиқаи ҷудои Ҷоми Аврупо медали тиллоро ба гардан овехт.
Ин сабқат шашуми март дар шаҳри Анталияи Туркия баргузор шуд ва Назиров дар вазни 81 кило сазовори мақоми аввал гардид. Дар ин рӯз, Толиб Ҷебов, тоҷикписари муқими Русия дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷудои Русия байни ҷавонон дар шаҳри Ростови лаби Дон дар вазни 60 кг барандаи медали биринҷӣ шуд.
Ёқуб Назиров узви тими мунтахаби наврасони ҷудокори кишвар мебошад. Ӯ соли гузашта низ дар мусобиқаи қаҳрамонии Ҷоми Аврупои Анталияи Туркия иштирок кард ва дар вазни 73 кг мақоми сеюмро соҳиб шуд. Ёқуб қаҳрамони чандкаратаи Тоҷикистон буда, дар мусобиқоти ҷудои Осиё ҳам дастболо гардидааст.
Толиб Ҷебов, ки феълан дар бошгоҳи ҷудои “Морӣ”-и шаҳри Иркутск зери сарпарастии мураббии варзида -- Эргаш Маҳмадбеков тамрин мекунад, қаҳрамони ҷудои Тоҷикистон буда, чанд соли охир дар Русия зиндагӣ мекунад. Толиб қаҳрамони мусобиқаи ҷудои минтақаи Сибири Русия низ мебошад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |