Баҳои баланди С.Аслов ва сафири нави Туркманистон дар Душанбе ба муносибатҳои байнидавлатӣ
Чорӣ Атаев, сафири нави Туркманистон дар Душанбе нусхаи эътимодномаи худро ба Сироҷиддин Аслов, вазири умури хориҷии Тоҷикистон тақдим кардааст.
Бино ба иттилои ВУХ, расми супурдани эътимоднома ҷумъаи 4 март сурат пазируфтааст: “Баъди маросими қабули нусхаи эътимоднома атрофи масоили мубрами ҳамкориҳои дуҷониба, инчунин минтақавию байналмилалӣ мубодилаи афкор сурат гирифт”.
Манбаъ меафзояд, ҷонибҳо ба сатҳи имрӯзаи муносибатҳои байнидавлатӣ баҳои баланд дода, азми худро ҷиҳати рушду тавсеаи робитаҳо таъкид карданд.
Чорӣ Атаев бо фармони Қурбонгулӣ Бердимуҳаммедов, раисиҷумҳури Туркманистон ба ҷойи Ишонқулӣ Аманлиев, сафири кишвараш дар Душанбе таъин шуд. Атаев қаблан курсии вазири сохтмону меъмориро дар ихтиёр дошт.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |