Зимнан, модари Шодиев гуфтааст: «Пас аз он ки писарам ба ҳуш омад, гуфт, ки маро дар милисахона латукӯб карданд ва манн маҷбур шудам, ки гуноҳи накардаамро ба гардан бигирам. Вай афзудааст, ҳангоми шиканҷа ҳатто даҳони ӯро бо скоч низ печонида буданд, то садояшро касе нашунавад».
Эътилофи созмонҳои ғайридавлатӣ алайҳи шиканҷа дар изҳороти худ гуфтаанд: «Марги Баҳромиддин Шодиев, ки ба қавли пайвандонаш дар пайи шиканҷаи маъмурон ба вуқӯъ пайвастааст, ба обрӯи Тоҷикистон дар сатҳи байнулмилалӣ латма хоҳад зад. Дар зери ин изҳорот созмонҳои «Ампаро», «Авесто», Коллегияи адвокатҳои Тоҷикистон «Сипар», Коллегияи адвокатҳои вилояти Суғд, Маркази мустақили ҳимоя аз ҳуқуқи инсон ва дигар ташкилотҳои дифоъ аз ҳуқуқи башар имзо гузоштаанд.
Ёдрас менамоем, чанд рӯз қабл вазорати умури дохилии Тоҷикистон эълом кард, ки ин қазияро мавриди баррасӣ қарор додааст.{jathumbnail off}
Мӯҳр« Апрел 2025 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 |