Додситонии кулл: 53 миллион доллар бо мусоидати масъулини бонкӣ ғайриқонунӣ ба хориҷ интиқол ёфтааст
Мақомоти Тоҷикистон аз афзоиши интиқоли ғайриқонунии доллари амрикоӣ ба хориҷи кишвар хабар медиҳанд.
Тибқи иттилои мақомоти Додситонии кулл, дар пайи санҷишҳо муайян шудааст, интиқоли маблағҳо, ба вижа доллар бо мусоидати масъулини муассисаҳои бонкӣ бидуни риояи расмиёти муқарраршуда аз Тоҷикистон ба бонкҳои хориҷӣ хеле ривоҷ ёфта, “ба шуғли доимӣ ва сердаромади гуруҳҳои алоҳида табдил ёфтааст”.
Манбаъ мегӯяд, “дар соли 2015 ва ду моҳи соли 2016, ширкати боркашонии “Сорбон-анстранс” 4 миллион ва шаҳрвандон Зиёеву Мирзоев 49 миллион долларро аз соҳибкорон ва шаҳрвандон ҷамъоварӣ намуда, бар ивази фоизи муайян бар хилофи талаботҳои муқарраршуда ба хориҷи кишвар ғайриқонунӣ интиқол додаанд”.
Ба иттилои Додситонии кулл, интиқоли ғайриқонунии милоинҳо доллари амрикоӣ аз дохил ба хориҷи кишвар ба мусоидати масъулини бонкии кишвар сурат гирифтааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |