(АКСУ ВИДЕО) Кумакхоҳии як ҷуфти маъюб аз Президент: Мо дар кӯча мемонем!
Як ҷуфти ҷавони маълул, аз раисиҷумҳури Тоҷикистон хоҳиш дорад, ба додашон бирасад, то онҳоро аз хобгоҳ пеш накунанд.
Далер Саидалиеви 35-сола ва Гулноза Азизоваи 20-сола ҳамагӣ се моҳ пеш издивоҷ кардаанд. Далер маълули модарзод аст ва пойҳояш ҳаракат намекунанд. Гулноза бо душворӣ роҳ меравад. Ҳоло ин ҷуфтро хатари дар кӯча мондан таҳдид мекунад. Далер дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, онҳо дар хобгоҳи “Душанбе-Строй” зиндагӣ мекунанд ва ҳоло ин биноро Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайнерӣ гирифта, мехоҳад, бошандаҳои онро пеш кунад. Ӯ мегӯяд, 15 сол аст, ки дар ин хобгоҳ зиндагӣ мекунад ва дигар ҷойи рафтан надорад: “Умри ман дар беморхона гузашт, модарам фавтид, падарам доим аз бемории фишор азият мекашад. Дар ноҳияи Восеъ амакам хона дорад, аммо 3 бародарам онҷо зиндагӣ мекунанду ман боз сарборӣ мешавам”.
Аз сӯи дигар мегӯяд, Далер барояш дар пойтахт зиндагӣ кардан беҳтар аст, чун ин ҷо имкони пайдо кардани кор вуҷуд дорад: “Гоҳ-гоҳ дар бозор кукуруз фурӯхта, рӯзиямро пайдо мекунам”.
Ба қавли ин ҷавони маълул, чанд маротиба ӯ ва ҳамсарашро ба Суди ноҳияи Фирдавсӣ даъват карда, гуфтаанд, хонаро холӣ кунанд. Ӯ мегӯяд, ҳоло умедаш танҳо Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон аст ва аз ӯ хоҳиш дорад, ба ин қазия дахолат намояд ва агар холӣ кардани хобгоҳ ногузир бошад, мусоидат кунад, то соҳиби хона ё қитъаи замин гардад: “Хоҳиш дорам, маро бо хона ва ё замин таъмин кунанд. Ман ҳам орзӯ дорам фарзанддор шавам ва мехоҳам дар ягон ҷо кор карда, ба маъюбоне мисли худам кумак расонам. Нафақаам 130 сомонӣ муайян шудааст, ки он ҳам дар ноҳияи Восеъ мебошад. Амакам онро гирифта, ба дасти ягон нафар равон мекунад”.
Гулноза, ҳамсари Далер мегӯяд, вақте ҳамагӣ 4 сол дошт, падараш даргузашт ва ҳамроҳи модараш дар ин хобгоҳ зиндагӣ мекард: “Модарамро аз хобгоҳ пеш карданд, ҳоло дар хонаи холаам зиндагӣ дорад. Соли 2015-ро Президент Соли оила эълон карда буд, мо низ оиладор шудем. Ҳоло моро аз ин ҷо пеш карда истодаанд. Аз Ҷаноби Олӣ хоҳиш мекунам, ба мо манзил бидиҳад, ки зиндагӣ кунем”.
Дар ҳалномаи Додгоҳи ноҳияи Фирдавсии пойтахт омадааст, аз моҳи сентябри соли 2014 бинои хобгоҳ аз тавозуни Корхонаи воҳиди давлатии “Манзили сохтумончиён”-и хадамоти назорати давлатии меъморӣ ва сохтумони Кумитаи меъморӣ ба тавозуни Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон гузаронида шудааст.
Гулдаста Ашӯрова, модархонди Далер мегӯяд, ин ду нафар ҳамеша гиря мекунанд: “Инҳо ҳам мехоҳанд зиндагии хуб дошта бошанд, ҳоло ҷавонанд. Ман аз соли 1996 дар ин хобгоҳ зиндагӣ дорам, моҳона ва маблағи коммуналиро сари вақт пардохт мекунам. Хонае, ки ҳоло ин ду ҷавон изиндагӣ доранд, ҳоҷатхона буд, вале мо инҷоро обод кардем. Аммо ҳаминро ҳам аз мо мегиранд. Аз нафароне, ки дар ин хобгоҳ зиндагӣ мекунанд, 35 нафарашро дар рӯйхат ҷо кардаанд ва онҳоро бо хона таъмин мекунанд, аммо ин ду маъюбро не. Касе ҳоли моро намепурсад ва моро дастгирӣ намекунад”.
Далер мегӯяд, онҳо дар ошёнаи чоруми хобгоҳ зиндагӣ мекунанд ва дар як ҳафта ҳамагӣ як ё ду бор берун мебарояд: “Зиндагиам торафт мушкил мешавад. Ман ҳозир ба ҳама чи ниёз дорам. Танҳо як мушкили хона нест. Аробачаи маъюбиам низ фарсуда шудааст. Медонам, ки дар ҷомеаи мо одамони саховатманд кам нестанд ва умедворам, ба қадри имконашон кумаки худро ба мо дареғ намедоранд”.
ШУМОРАИ ТЕЛЕФОНИ ДАЛЕР 987 64 71 71 БАРОИ ОДАМОНЕ, КИ МЕХОҲАНД ДАСТИ ЁРӢ ДАРОЗ КУНАНД
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |