Бахшҳо

ВИДЕО-и боздошти “милисаи тоҷик” дар Қирғизистон: Ман ин ҷо “непричём”

Мақомоти Қирғизистон навори боздошти ду шаҳрванди Тоҷикистон бо маводи мухаддирро нашр кардаанд, ки яке аз онҳо майори милиса, корманди Вазорати умури дохилии Тоҷикистон муаррифӣ шуда буд.

Дар навор боздоштшудаҳо дар талоши худсафедкунӣ бо ишора ба ҳамдигар изҳор медоранд, ки мошин аз ман нест, аз ӯст.



Як рӯз қабл, 3 март мақомоти мубориза бо маводи мухаддири Қирғизистон аз боздошти як корманди 49-солаи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон хабар доданд, ки аз дохили автомашинаи ӯ беш аз 36 кило маводи мухаддири ҳашиш дарёфт шудааст.

Тибқи иттилоияи расмии мақомоти Қирғизистон, рӯзи якуми март дар деҳаи Жаштики вилояти Бодканд мошини “Опел вектра”, ки таҳти идораи корманди Вазорати умури дохилии Тоҷикистон қарор дошт, барои санҷиш боздошт гардид: “Дар дохили автомашина инчунин шаҳрванди дигари Тоҷикистон, сокини 45-солаи шаҳри Душанбе қарор дошт. Ҳангоми санҷиш аз дохили автомашина 36 килою 300 грамм ҳашиш дарёфт шуд, ки арзиши он 4 миллион сом (беш аз 400 ҳазор сомонӣ”-ро ташкил медиҳад”.

Дар вокуниш ба ин хабар Вазорати умури дохилии Тоҷикистон изҳорот дод, ки боздоштшуда Муродалӣ Иброҳимов, собиқ корманди мақомоти корҳои дохилӣ мебошад: “Иброҳимов бо фармони Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон аз 9 феврали соли 2016 бинобар "кирдори иснодоваранда, паст задани шаъну шарафи кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва мунтазам вайрон намудани интизоми хизматӣ" аз мақомоти корҳои дохилӣ озод шудааст”.

Мақомоти Қирғизистон мегӯянд, феълан аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Мӯҳр
Инхо обу руи точикро мерезонанд на онхое,ки дар Россия кучаруби мекунанд. Ин госчиновнико имруз устухоне дар гулуи мардуми бечора шудаст. Ман мешиносам ва медонам шахсеро,ки корманди ВКД аст вале дар хонааш мардхои бангиву хонабезора аз гирду атрофи деха чамъ карда оварда кор мекунанд ва хама намудашро дуд мемонанду менушанд дар ивази корашон.

Усто
Об дар кӯзаю мо ташналабон мегардем,
Ёр дар хонаю мо гирди ҷаҳон мегардем.

Суфуфи ВКД пур аз ҷинояткорону нашъаҷалобон асту кормандони ин ниҳод пайи боздошти чунин афрод овораанд. Сараввал гирду атрофи худро мебояд пок кард! Берун аз кишвар низ обруи ВКД-и Тоҷикистон рехт.

Дар Точикистон як махбус аз милисса хубтар аст. Байни мардум чинояткор аз милиса эхтироми зиёд дорад.

mn
э бмбрен ай и рузтон...кормандони шарафманди вкд-и точикистон. дар олам шармандамон карден. неки холи боз 5 экспертиза мегзаронен, меген ки у корманди вкд нест ё кайхо боз уволит шидагияй. сармона дар замин заде. сад хайфи мо барин ориёихо

маҳмуди Ашӯрмуҳаммад
Салом, "Озодагон.тч", видеои Шуморо чи гуна бинем, вақте дар мо ютуб маҳкам аст?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Декабр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)