Намояндаи ВКД дар намози ҷумъа: Вазифаи фаъолони масҷидҳо хабардиҳӣ ба мақомот аст
Зикруллоҳ Саидзода, намояндаи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон имрӯз, 4 март дар намози ҷумъа аз қавли руҳониёни тоҷик гуфт, ҳар нафаре, ки ба ҷангҳои Сурияю Ироқ меравад, дигар пайрави мазҳаби Ҳанафия нест.
Саидзода пеш аз намози ҷумъа аз минбари Масҷиди марказии шаҳри Душанбе баромад карда, аз ташкили гуруҳҳои фаъол таҳти роҳбарии имомхатибон хабар дод. Намояндаи Вазорати умури дохилӣ гуфт, вазифаи ин гуруҳҳои фаъол аз он иборат аст, ки дар мавриди афроди ихтилофандоз ба мақомот хабар диҳанд: “Мардум ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бояд ҳамкорӣ кунанд, то нагузорем, ки ба хонаи модари тоҷик мусибат ояд”.
Саидзода аз қавли руҳониёни иштирокдори мизи мудаввар, ки 2 март зери унвони «Сабабу омилҳои шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ» дар Душанбе баргузор шуд, изҳор дошт, ки гузаштагони мо мансуб ба мазҳаби Имоми Аъзаманд, бинобар ин сокинони кишварро мебояд маҳз аз ҳамин мазҳаб пайравӣ кунанд, бо равияи он намоз гузошта, ҳамаи маросимҳои диниро дар доираи ин мазҳаб иҷро кунанд.
Намояндаи Вазорати умури дохилӣ аз қавли руҳониён афзуд, шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба гуруҳҳои ҷангҷӯ дар Сурия, Ироқ, Афғонистон ва дигар кишварҳо мепайванданд, минбаъд пайрави мазҳаби Ҳанафӣ нестанд: “Онҳоро пайрави Имоми Аъзам хондан дуруст нест”.
Ба гуфтаи Саидзода дар баробари мазҳаби Имоми Аъзам дар Тоҷикистон мазҳаби Исмоилия низ ҳаст, ки пайравони он асосан сокинони Вилояти мухтори куҳистони Бадахшонанд ва аз тамоми шароитҳо бархӯрдоранд.
Тибқи изҳороти намояндаи ВКД ҷараёнҳои дигар, аз қабили салафия, ҳизби таҳрир ва ҳаракатҳои ифротии дигар нияти ноором кардани вазъ дар Тоҷикистон доранд.
Ин дар ҳолест, ки Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон 3 март изҳор дошт, ки феълан дар сафи “Давлати исломӣ” дар Ироқу Сурия 1 ҳазору 94 тоҷикистонӣ меҷанганд, ки аксарашон пайрави ҷараёни Салафия мебошанд: “Аз миёни тоҷикистониёне, ки феълан дар Сурияю Ироқ меҷанганд, 400 нафарашон аз вилояти Хатлон, 272 нафар аз Суғд, 254 нафар аз навоҳии тобеи марказ, 139 нафар аз Душанбе ва 26 нафарашон аз Вилояти мухтори куҳистони Бадахшон мебошанд”.
Додситони кулли Тоҷикистон таъкид кард, аксари тоҷикистониёне, ки ба “Давлати исломӣ” пайвастаанд, мазҳаби ҳанафияро тарк карда, ба Салафия гаравидаанд. Юсуф Раҳмон изҳор дошт, ки бо вуҷуди чораандешиҳо раванди гароиши ҷавонони тоҷик ба Салафия майли афзоиш дорад: “Баъди пайвастшавӣ ба Салафия ба Сурияю Ироқ мераванд”.
Моҳи январи соли 2009 Додгоҳи олии Тоҷикистон фаъолияти равияи "Салафия"-ро дар кишвар манъ ва моҳи декабри соли 2014 онро “экстремистӣ” эълон кард.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |