Убайдуллоев: Аз 1 июл издивоҷ баъди муоинаи тиббӣ сурат мегирад
Маҷлиси миллии Тоҷикистон, палатаи болоии парлумони кишвар тағйиру иловаҳо ба Кодекси Оиларо тасдиқ намуд, ки бар асоси никоҳи хешутаборӣ манъ буда, муоинаи тиббии пеш аз издивоҷ ҳатмӣ шуд.
Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси миллӣ, 3 март зимни тасдиқи ин тағйирот изҳор дошт, ки меъёрҳои нав аз моҳи июли соли равон мавриди амал қарор мегиранд. Ба гуфтаи ӯ аз 1 июли соли равон издивоҷ танҳо баъди муоинаи тиббии навхонадорон сурат мегирад. Убайдуллоев манъи никоҳи хешутабориро барои ҳифзи генофонди миллӣ муҳим хонда, афзуд, ки ҳолатҳои никоҳи хешутаборон ҳатто дар шаҳр низ зиёд шудааст.
Нусратулло Салимзода, вазири тандурустии Тоҷикистон, қаблан изҳор дошта буд, ки бар асоси тағйирот ба Кодекси оила никоҳи хешутаборон, аз ҷумла издивоҷи байниҳамдигарии фарзандони хоҳарону бародарон - фарзандони тағою амакиҳо манъ аст. Ба иттилои вазир, аз муоинаи тиббӣ гузаштани навхонадорон дар маҳаллҳои худ тариқи ройгон сурат мегирад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |