Э. Раҳмон дар Душанбе маҷмааи нави тиббиро ифтитоҳ кард (АКС)

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 4 март як маҷмааи бузурги тандурустиро дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ифтитоҳ намуд.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон ба истифода додани ин маркази тандурустиро туҳфаи арзандаи худ ба кормандони соҳаи тиб дар арафаи ҷашни байналмилалии Наврӯз ва истиқбол аз 25—солагии Истиқлолияти давлатии кишвар арзёбӣ карда, пешниҳод намудааст, он ба номи Истиқлол гузошта шавад. Раисиҷумҳур арзиши сохтмони ин маҷмааро беш аз 700 миллион сомонӣ арзёбӣ карда, афзудааст, ки баробари ба фаъолият шурӯъ намудани маҷмаа қариб 3000 нафар кормандони гуногунихтисоси соҳаи тиб бо ҷойи кори доимӣ ва маоши миёнаи аз 1200 сомонӣ то 3500 сомонӣ таъмин мешаванд.
Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе як рӯз қабл аз ифтитоҳи ин Маҷмаа изҳор дошт, ки он бо тамоми дастгоҳҳои муосири тиббӣ таҷҳизонида шуда, ба талаботи байналмилалӣ ҷавобгӯй мебошад.
Бунёди ин маҷмааи нави тиббӣ дар кӯчаи Неъмат Қарабоев моҳи апрели соли 2013 оғоз гардида, масоҳати умумии он 11 гектар ва масоҳати умумии биноҳояш 104,62 ҳазор метри мураббаъро ташкил медиҳад.
Дафтари матбуоти Президент мегӯяд, “маҷмааи тиббӣ аз биноҳои аз 1 то 9 ошёна иборат буда, дорои шӯъбаҳои гуногун - шӯъба барои калонсолон, ҷарроҳии кӯдакона, ташхисгоҳ, утоқҳои асосӣ ва ёрирасон мебошад. Беморхона бо тамоми таҷҳизоти муосири тиббӣ ва муҳандисию техникӣ, томографияи компютерӣ, тиббӣ, резонансӣ ва дигар таҷҳизоту дастгоҳҳои тиббии замонавӣ ҷиҳозонида шудааст”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |