Ифшои номи се шаҳрванди Тоҷикистон, ки аз сохтмонҳои Русия сарозер шуданд

Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия мегӯяд, шахсияти се шаҳрванди фавтидаи кишварро муайян кардааст.
Расонаҳои русӣ рӯзи панҷшанбе хабар доданд, ки 29 феврали соли ҷорӣ ду муҳоҷири кории тоҷик аз ошёнаи 21-и як манзили навбунёд дар шаҳри Самара сарозер шудаанд. Рӯзи 2 март бошад, дар ноҳияи Всеволожи вилояти Ленинград як муҳоҷири 21-солаи тоҷик аз ошёнаи ҳаштуми бинои навсохт ба поён афтодааст.
Иброҳим Аҳмадӣ, сухангӯи намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон имрӯз, 3 март дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, яке аз муҳоҷироне, ки аз ошёнаи 21 сарозер шуд, сокини 26-солаи ноҳияи Рӯмӣ Саидов Шуҳратҷон Аммиршоевич ва дигарӣ сокини 21-солаи ноҳияи Нуробод Собиров Иззатулло Идибекович будаанд: “Бо мусоидати намояндагӣ ва бо кумаку дастгирии Ташкилоти ҷамъиятии минтақавии автономии тоҷикистониёни Самара бо номи Пайванд, ҷасади онҳо шаби 1 ба 2 март тавассути ҳавопаймо ба Ватан фиристода шуд”.
Ҷаноби Иброҳим мегӯяд, муҳоҷири дигари тоҷик, ки дар вилояти Ленинград ба ҳалокат расид, Худоёров Шаҳбоз Холиқович, соли таваллудаш 1994 ва сокини шаҳри Хуҷанд будааст: “Тамоми хароҷоти гуру чӯб ва ба Ватан равон кардани ҷасадро ширкати сохтмонӣ пардохт мекунад”.
Ба қавли ӯ, ширкат инчунин ҷубронпулии иловагӣ ҳам пардохт кард: “Ҳоло ҷасади Шаҳбоз ба Ватан интиқол наёфтааст. Кормандони мо ҳуҷҷатҳои лозимро омода карда истодаанд. Дар ҳоли омода шудани санадҳо имшаб ҷасадро ба Тоҷикистон равон мекунанд”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |