Ромодановский барои густариши фаъолияти қонунии муҳоҷирон, зимни як мусоҳибааш бо рўзномаи «Известия» пешниҳод кардаст, ки Русия барои муҳоҷирон бояд нафақа диҳад. Ба гуфтаи сардори Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия, додани нафақа, ин як роҳи ҳавасмандкунии муҳоҷирони меҳнатӣ ба фаъолияти шаффофу қонунӣ хоҳад буд: «Мо бояд барои муҳоҷирон шароите муҳайё кунем, ки онҳо бихоҳанд, ки ба таври қонунӣ фаъолият кунанд. Масалан русиягиҳо манфиатдоранд, ки маоши «шаффоф» гиранд, то рўзе соҳиби нафақа гарданд. Метавонем, бо шаҳрвандони хориҷӣ низ чунин муносибат намоем».
Ин дар ҳолест, ки аз Тоҷикистон дар Русия ҳудуди 1 миллион муҳоҷири меҳнатӣ кор карда, маблағи роҳикардаашон такягоҳи асосии иқтисодиёти кишвар маҳсуб меёбад ва то ҳол масъалаи нафақаашон дар ватан пурра рушан нест.{jathumbnail off}
Мӯҳр« Декабр 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | ||||||
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 |