Бахшҳо

Шарҳи ВКД дар бораи боздошти кормандаш бо нашъа: Ӯро вазир аз кор ронд...

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон хабари боздошти як кормандашро бо маводи мухаддир дар Қирғизистон шарҳ додааст.

Тибқи иттилоияи ин ниҳод, боздоштшуда Муродалӣ Иброҳимов, собиқ корманди мақомоти корҳои дохилӣ будааст, ки бо фармони Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон аз 9 феврали соли 2016 бинобар "кирдори иснодоваранда, паст задани шаъну шарафи кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва мунтазам вайрон намудани интизоми хизматӣ" аз мақомоти корҳои дохилӣ озод шудааст.

Қаблан, мақомоти мубориза бо маводи мухаддири Қирғизистон аз боздошти як корманди 49-солаи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон хабар доданд, ки аз дохили автомашинаи ӯ беш аз 36 кило маводи мухаддири ҳашиш дарёфт шудааст.

Тибқи иттилоияи расмии мақомоти Қирғизистон, рӯзи якуми март дар деҳаи Жаштики вилояти Бодканд мошини “Опел вектра”, ки таҳти идораи корманди Вазорати умури дохилии Тоҷикистон қарор дошт, барои санҷиш боздошт гардид: “Дар дохили автомашина инчунин шаҳрванди дигари Тоҷикистон, сокини 45-солаи шаҳри Душанбе қарор дошт. Ҳангоми санҷиш аз дохили автомашина 36 килою 300 грамм ҳашиш дарёфт шуд, ки арзиши он 4 миллион сом (беш аз 400 ҳазор сомонӣ”-ро ташкил медиҳад”.

Манбаъ мегӯяд, феълан алайҳи боздоштшудаҳо парвандаи ҷиноӣ оғоз шуда, тафтишот идома дорад.


Шарҳи ВКД дар бораи боздошти кормандаш бо нашъа: Ӯро вазир аз кор ронд...

Шарҳи ВКД дар бораи боздошти кормандаш бо нашъа: Ӯро вазир аз кор ронд...

Шарҳи ВКД дар бораи боздошти кормандаш бо нашъа: Ӯро вазир аз кор ронд...
Мӯҳр
Салом. Илтимос хамин манбаи расмхоро наменависед, ки аз Хадамоти наркотики Киргизистон аст.

Саид
Як нагз дида бароед мумкин тамоман кор намекард

Аз кор ронда бошед чаро "корочка" хамрохаш...Мансабдорони бо дуруггуияшон машхур шудаанд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)