Боз як ташкилоти қарзӣ муфлис шудааст
Бонки миллии Тоҷикистон аз қатъи фаъолияти як ташкилоти хурди қарзӣ хабар додааст.
Сомонаи расмии Бонки миллӣ мегӯяд, фаъолияти ташкилоти қарзии “Меҳробод” дар пайи муфлисшавӣ қатъ шудааст: “Бо қарори навбатии Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2016 дар асоси моддаи 11-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ” бо сабабҳои муфлисшавӣ фаъолияти ҶДММ ТҚХ “Меҳробод” бо дархости он оид ба барҳамдиҳии ихтиёрӣ қатъ гардонида шуд”.
Манбаъ мегӯяд, иҷозатномаи “Меҳробод”, ки аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон барои анҷом додани амалиётҳои бонкӣ дода шудааст, бозхонд мешавад: “Мақомоти ваколатдори ташкилоти номбурда уҳдадор карда шуд, ки барои анҷом додани расмиёти барҳамдиҳии ихтиёрӣ ва ҳисоббаробаркунӣ бо қарздеҳони ташкилотҳои қарзӣ комиссияи барҳамдиҳиро таъсис диҳад”.
Комиссияи барҳамдиҳӣ вазифадор шудааст ба Бонки миллии Тоҷикистон ҳисоботи тавозунӣ ва дигар маълумоти заруриро пешниҳод намояд.
Ин дар ҳолест, ки моҳи феврал Бонки миллии Тоҷикистон аз қатъи фаъолияти ташкилоти қарзии “Ҳамдастӣ” дар пайи муфлисшавӣ хабар дода буд. Шурӯъ аз 13 ноябри соли 2015 Бонки миллӣ фаъолияти наздики 15 ташкилоти қарзии хурдро қатъ кардааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |