Ҷазои низомии пойгоҳи 201 барои ҳозир нашудан ба хидмат
Додгоҳи ҳарбии Русия охири моҳи феврал як низомии қатории пойгоҳи 201-и Русия дар Тоҷикистонро барои саривақт ҳозир нашудан ба ҷои хидмат ҷазо додааст.
Тибқи иттилоияи додгоҳи ҳарбии гарнизони Красноярск ҷиноят тобистони соли 2015 содир шудааст: “Хидматчии ҳарбӣ, ки тариқи шартнома дар Тоҷикистон хидмат мекардааст, баъди анҷоми муҳлати рухсатӣ бе сабабҳои узрнок аз ҳозир шудан ба ҷои хидматаш дар Тоҷикистон худдорӣ карда, иқомат дар ноҳияи Ужурски минтақаи Красноярскро ихтиёр кардааст”.
Ба иттилои манбаъ мақомоти низомии Русия макони низомии саркашро муайян намуда, баъди исботи гуноҳаш, додгоҳи ҳарбӣ қарор намудааст, ки давоми як сол 10 фоизи ҳақмузди ӯ ба фоидаи давлат ситонда шавад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |