Тайи 10 моҳи соли равон 6 корхонаи сементистеҳсолкунандаи ҷумҳурӣ ба миқдори 264,4 ҳазор тонна семент истеҳсол карданд, ки баробари 109,8 % суръатафзоӣ буда, назар ба ҳамин давраи соли гузашта 23,8 ҳазор тонна зиёд мебошад.
Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз дафтари матбуотии вазорати энергетика ва саноат иттилоъ доданд, аз ин миқдор 231 ҳазор тонна ба ҶСК «Тоҷиксемент»-и ш. Душанбе, 19,7 ҳазор тонна ба ҶСП «Заводи сементи Самадов»-и ш. Исфара рост меояд. Ҳамаи корхонаҳои тавлидкунандаи семент ҳаҷми истеҳсоли масолеҳро назар ба 10 моҳи соли 2010-ум (аз 107% то 2,2 баробар) зиёд кардаанд.
Манбаъ афзуд, соли 2012-ум ду корхонаи нави сементбарорӣ- ҶММ «Тоҷикистон» дар ноҳияи Варзоб ва ҶММ «Суғд семент» дар ноҳияи Мастчо ба фаъолият оғоз хоҳанд кард, ки он боиси боз ҳам зиёд гардидани миқдори семент ва бештар таъмин гардидани ҷумҳурӣ бо масолеҳи хушсифати ватанӣ мегардад.{jathumbnail off}
Мӯҳр