Боздошти шаҳрванди Қирғизистон дар фурудгоҳи “Шереметево”
8 феврали соли 2016 дар фурудгоҳи “Шереметево” як шаҳрванди Қирғизистон аз ҷониби кормандони раёсати Хадамоти федеролии приставҳои судии Русия боздошт шуд.
Улуғбек И., ки қасди ба Қирғизистон парвоз карданро дошт, аз тайёра берун карда шуд. Ӯ соли 2011 аз ҶДММ “ТҚХ МОЛ.БУЛАК.РУ” (минбаъд – “Мол Булак”), қарзи гуруҳӣ гирифта, онро пардохт накард. Ҳоло ин қарз 478 766 рубли русиро ташкил медиҳад. Улуғбек дар суҳбат ба торнамои “24.kg” нахуст дар бораи кай гирифтани қарз гуфт: “Соли 2011 аз “Мол Булак” қарз гирифтам. Онро сари вақт баргардонда натавонистаму аз ширкат қарздори калон шудам. Қарзро дар хотир доштам, вале ба он эътиборе надодам, фикр кардам, ҳеч воқеа рӯй намедиҳад. Натиҷа ин шуд, ки нисбати ман санади судӣ боз гардид ва ба “рӯйхати сиёҳ”-и ХФМ (ФМС)-и Русия афтодам”.
- Шумо қарзро ҳамроҳи кӣ гирифта будед?
- Онҳоро хуб намешиносам. Мо се нафар будем: Ш., К. ва ман. Боз як ҷуфти оилавиро пайдо кардем. Номи духтар ба гумонам Эркиной буд.
- Каме бо тафсил дар бораи ин қарз гап занед. Шумо чӣ гуна онро баргардонидан мехостед?
- Ду моҳи аввал сари вақт пардохт намудем. Бе мушкилот метавонистем қарзро пардохт намоем. Баъд он ҷуфт пардохтро қатъ кард. Намедонам ба онҳо чӣ шуд. Ман ба хазина омадам, мехостам аз ҷониби худам пардохт намоям, аммо нашуд. Мутахассис гуфт, ки бояд барои ҳамаи аъзои гуруҳ пардохт намоям. Ман рад кардам. Баъдтар ин корманди “Мол Булак” ба ман чанд маротиба занг зад, пардохти қарзро талаб кард, таҳдид намуд, ки метавонанд ба додгоҳ кашанд. Росташро гӯям, фикр намекардам, ки бо ман коре карда метавонанд. Ҳеҷ касро ба муҳоҷирон коре нест. Қарор додам, ки сарамро гаранг намекунам ва пулро намедиҳам. Рақамамро иваз намуда, ба хонаи дигар кӯчидам, то ин корманд маро дигар ташвиш надиҳад.
- Дар бораи оқибаташ андеша накардед?
- Не, он вақт андешае надоштам. Акнун ҳамааш чун лӯндаҳои барфӣ ба сарам фурӯ рехт. Афсӯс, ки беҳуда ин қадар вақтро аз даст додам ва қарзам ба ин андоза зиёд шуд.
-Нисбати шумо парванда боз шудааст?
- Ҳа. Боз бо қарори додгоҳ ман уҳдадорам қарзро барои ҳама пардохт кунам, набошад барои иҷро накардани санади судӣ ба ҷавобгарии ҷиноятӣ мекашанд.
- Бо кадом ҳадаф мехостед ба Қирғизистон парвоз кунед?
- Ба дилам зад, хостам ба Ватанам баргардам. Дар “Шереметево” маро аз парвоз гардонданд, то вақте қарзро пурра пардохт накунам, вурудро манъ сохтанд. Иҷрочиёни суд ба ман қарор дар бораи боз кардани иҷроияи истеҳсолӣ ва ҳамчунин қарорро ҷиҳати муваққатан маҳдуд кардани вуруд ба ФР супориданд. Умуман, вазъи ман ҳоло чунин аст: то он лаҳзае, ки қарзро пардохт накунам, аз Русия наметавонам хориҷ шавам. Ва баъдан агар равам, наметавонам дигарбора ворид шавам, чун дар “рӯйхати сиёҳ”-и ХФМ-ам. Ман дар Қирғизистон низ дар ҷустуҷӯ қарор дорам. Ба ростӣ, монанди қиссаҳои сериалҳои ҷиноятӣ!
- Ҳоло чӣ кор карданӣ ҳастед?
- Пардохт кардани қарз. Боз чӣ кор кардан мумкин аст!? Боз кори ҷиноятӣ ба ман намерасид. Худам пардохт мекунам, агар шавад, онҳоеро, ки ҳамроҳашон қарз гирифта будем, пайдо хоҳам кард.
- “Мол Булак” ягон шарти барои шумо мувофиқ пешниҳод кард?
- Ҳа. Бисёр афсӯс мехӯрам, ки чаро сари вақт худам муроҷиат накардам. Ман шунидам, ки “Мол Булак” ба таври оммавӣ ҳамаи қарздорони худро ба додгоҳҳо супорида истодааст ва ҳаққи вуруд ва хуруҷро муваққатан маҳдуд мекунад, вале фикр кардам, ки ин ба ман дахл надорад. Агар сари вақт муроҷиат менамудам, шояд аллакай қарзро пардохт мекардам. Ба ман иҷрочии суд шарҳ дод, ки агар напардозам ё пинҳон шавам, кори ҷиноӣ боз мекунанд ва маро дар ҷустӯҷӯ қарор медиҳанд
Тавре аз ширкати “Мол Булак” иттилоъ доданд, Улуғбек ягона шахсе нест, ки мехост аз пардохти қарз саркашӣ кунад, аммо баръакс мушкилаш зиёдтар шуд. “Мол Булак” тавассути мурофиаи байналмиллалии додгоҳӣ ё дар дохили кишвар қарздорони беинсофро, ки ғайб задаанд ва солҳои зиёд пинҳон гардидаанд, ҷазо медиҳад.
Ташкилоти қарзии хурди “Мол Булак” иқдомеро бо номи “Некӣ тӯҳфа кун” эълон карда буд, ки дар доираи он тамоми қарздорон метавонистанд, то 29 феврали соли 2016 масъалаи қарзи худро ба танзим дароранд. Пас аз 1 марти соли 2016 нисбати ҳамаи қарздорон бидуни истисно даъвоҳо ба додгоҳҳо пешниҳод мегардад. Хатти фаъоли телефони “Мол Булак” 8-800-555-71-71 (зангҳо дар Русия ройгон аст).
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |