Қирғизистон: Тоҷикон маҳсулоташонро ҳамчун маҳсулоти қирғизӣ ба хориҷ бурданиянд
Раҳбари Анҷумани интиқолдиҳандаҳои Қирғизистон гуфтааст, соҳибкорони тоҷик мехоҳанд, маҳсулоти кишоварзии худро ба Русияву Қазоқистон ҳамчун маҳсулоти Қирғизистон ворид созанд.
Темурбек Шабданалиев, раҳбари ин анҷуман ба “Sputnik Кыргызстан” гуфтааст, шомил шудани Бишкек ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ва дастрасии озод ба бозорҳои Русияву Қазоқистон соҳибкорони тоҷикро маҷбур кардааст, аз нақшаи қаблии худ – интиқоли маҳсулоти кишоварзии Қирғизистон ҳамчун маҳсулоти худ ба хориҷ даст бикашанд. Ба қавли ӯ, ҳоло баръакс соҳибкорони тоҷик мехоҳанд, маҳсулоти кишоварзиашонро ҳамчун маҳсулоти Қирғизистон интиқол бидиҳанд.
Қирғизистон моҳи майи соли сипаришуда узви узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё шуд. Ҳоло Русия, Белорус, Қазоқистон, Арманистон ва Қирғизистон узви ин иттиҳоданд. Тоҷикистон дар мавриди узвият ба он ҳанӯз тасмими дақиқ нагирифтааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |