Президенти "Ватандош": Парастори қотил тоҷик ё эронитабор аст
Усмон Баротов, президенти ҷамъияти минтақавии узбакони Русия -- "Ватандош" гуфтааст, шубҳа дорад парасторе, ки тифли чорсолаи русро бераҳмона ба қатл расонд, узбак бошад. Ба иддаои ӯ, он зан тоҷик ё эронитабор аст.
Баротов дар суҳбат ба Хадамоти миллии хабарӣ (НСН) гуфтааст, шаҳрванди Узбакистон будан, ба ин маънӣ нест, ки вай узбак бошад: “Дар Узбакистон намояндаҳои беш аз 100 миллат зиндагӣ мекунанд. Тавре ман медонам, он зан аз Самарқанд аст. Онҷо аз узбакҳо дида, тоҷикҳо зиёдтаранд. Ҳамчунин эронитаборон низ ҳастанд. Ҳатто худи тоҷикон бисёр вақт мегӯянд, ки Бухорову Самарқанд шаҳрҳои тоҷикон аст”.
Ӯ гуфта, узбакҳо бо оромтабиатии худ ҳамеша фарқ мекунанд ва ба чунин куштори ваҳшиёна қодир нестанд: “Узбакҳо аз тоҷикон бо ин фарқ мекунанд, нисбатан ороманд. Мардуми хашмгин нестанд, ороманд. Тоҷикон бошанд, бештар ба қафқозиҳо шабеҳанд”.
29 феврал дар метрои “Октябрское Поле” Гулчеҳра Бобоқулова, шаҳрванди 38-солаи Узбакистон боздошт шуд, ки дар даст сари буридаи тифлеро дошт. Расонаҳо баъдан навиштанд, ки ин зан дар хиёбони “Народний Ополчения” -и Маскав ба ҳайси як парастор фаъолият мекардааст ва сари тарбиятгирандааш - Настяи 4-соларо ба таври ваҳшиёна бурида, манзилро оташ задааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |