Пешгӯии ҳавои абрӣ, туман ва майдаборон дар Тоҷикистон
Маркази обуҳавошиносии Тоҷикистон мегӯяд, ду рӯзи аввали март дар кишвар ҳавои абрнок ва резиши ками борон дар назар аст.
Ба иттилои ин ниҳод рӯзи 1 март ҳаво шабона +10 +12 дараҷа, рӯзона +18 +20 дараҷа гарм шуда, шамол суст мевазад. Манбаъ илова намуд, ки 2 март ҳаво қисман абрнок шуда, боришоти кам ва тумани ғафс пешбинӣ шудаст: “Ҳаво шабона +6 +8 дараҷа, рӯзона +16+18 дараҷа гарм шуда, шамоли суст мевазад”.
Обуҳавошиносони тоҷик афзуданд, ки 3 ва 4 март кишварро боз ҳавои соф фаро хоҳад гирифт: “Ҳаво шабона +8+10 дараҷа, рӯзона +22 +24 дараҷа гарм шуда, шамоли суст мевазад”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |