Бахшҳо

(ВИДЕО) Зане дар Ваҳдат гӯшвори духтарони хурдсолро медуздад

Дар шаҳри Ваҳдат зани ношиносе гӯшвори кӯдакони хурдсолро рабудааст. Дасти кам чор хонандаи синфи яки мактаби №1 ба номи Н.К.Крупская ба доми ин хонум афтидаанд.

Ин хонандаҳо дар суҳбат ба “Озодагон” гуфтанд, он занро қаблан надида буданд ва рӯзе, ки гӯшворҳояшонро гирифт, ҳамроҳаш ду кӯдаки хурдсол дошт. Бадахшон, яке аз донишомӯзон мегӯяд, вақте аз мактаб берун шуда, сӯи хонаашон мерафтанд, зане наздашон омада гуфт, агар ҳамроҳаш бираванд, барояшон ширинӣ мехарад: “Гуфтам, ки ба мо қанд лозим нест. Аз модарам метарсам ва ҳамроҳи шумо намеравам. Аз дастам гирифта назди бинои нимсохт бурд. Аз ҷайби духтараш нохунгиракро бароварда, аввал гӯшвори маро баъд аз Умедаро гирифт”.

Ин хонандаи мактаб меафзояд, баъди ин онҳоро назди беморхона гузошта, ғайб зад. Умеда, донишомӯзи дигар мегӯяд, он зан барояшон донаи офтобпараст ва пуфак тақдим кард: “Ба мо гуфт, ба атроф нигоҳ кунед, ки касе наояд”.

Мусаббиҳа, хонандаи дигари мактаби №1, ки ҳамчунон гӯшворҳояшро он зан гирифтааст, мегӯяд, он зан гуфтааст, ки падарашро мешиносад: “Номи падарамро пурсид. Вақте номашро гуфтам, гуфт ки падаратро мешиносам. Вақте гӯшворҳои моро гирифт, гуфт, ҳоло меояму ба шумо яксомонӣ медиҳам, аммо дигар наомад”.

Ин ягона ҳолати дуздидани гӯшвори кудакон дар Ваҳдат нест. Шарифмоҳ, як сокини ин шаҳр ба “Озодагон” гуфт, тақрибан моҳе қабл гӯшвору курткаи фарзанди синфи якумашро дуздида буданд: “Духтари ман дар мактаби №1 таҳсил мекунад. Нақл кард, ки вақте аз роҳ гузаштанӣ будам, як зан, ки ҳамроҳи ду кӯдак дошт, омада маро аз пеши хонаамон дуртар бурд. Даҳонамро дошта, гӯшвору курткаамро гирифт”.

Сокинони шаҳри Ваҳдат мегӯянд, соли сипаришуда ҳам чунин ҳолатҳо рух дода буд.

Наргис Додихудоева, роҳбари синфи 1-и “ғ”-и мактаби №1-и шаҳри Ваҳдат дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, баъди шунидани ҳодиса дар ҳолати “шок” қарор гирифт. Ӯ мегӯяд, “рӯзи 23 феврал, соати 11:15 дақиқа дарсро тамом кардем ва кӯдаконро аз роҳи мошин гузаронида, ба мактаб баргаштам. Дар синфҳои 4 дарс доштам. Аз миён 1 ё 2 соат гузашт, ки бародари як толибаи дигарам занг зада гуфт, дар синфатон Бадахшон ва Умеда ном духтар доред? Гуфтам, бале. Он кас гуфт, ки касе гӯшворҳояшонро гирифтаасту ҳоло онҳо дар назди беморхонаи марказӣ гириста истодаанд. Он нафар духтаронро гирифта ба мактаб овард”.

Хонум Додихудоева мегӯяд, ӯ волидони ин хонандаҳоро даъват намуд ва онҳо фарзандонашонро гирифта бурданд. Ин омӯзгор аз бепарвоии бархе волидон шикоят кард: “Соат аз 1-и рӯз гузаштааст, ягон падару модар ба ман занг намезанад, ки фарзандаш куҷо асту чаро дер ба хона меояд. Ин кор пас аз дарс ва берун аз мактаб рух додааст, бояд падару модарон аз рафту омади фарзандони худ бохабар бошанд. Вақте кӯдаконро оварданд гириста, мегуфтанд, ки “моро очам мекушад, гӯшворҳоямонро гум кардем”.

Масъулини мактаби мазкур тасмим доранд, дар робита ба ин қазия ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ шикоят баранд.




Дар акс Наргис Додихудоева
Мӯҳр
хонанда
Мувофики конуни танзим гушвори тилло овехтани духтарон дар мактаби тахсилоти хамагони мункин нест. Наход, ки зани калонсоле барои гушворхои 2 сомона кудаконро гирёнад? Ачоиб !

Чанг намекунанд албата онхоро. Балки ин як хаёли кудаки аст.
Дар хотир дорам!!! Синфи як мехондам рузе аз рузхо ручкаам вейрун шуду рангаш аз кунаш баромад. Онвактхо чунон ручка дар назарам кадр дошт,ки. Аз хонавода пинхони як хечаи мург доштем хамончо даромада дар торики,тортанак печидаги. Хостам. Ручкаамро соз кунам. Аз дохили ручка запаскаашро кашида гирифтам пуф кардам нохост ранг чошид ба дасту панча, ба лабу дахон ба куртаи сафед. Хостам тоза кунам баракс хама пури ранг аз к,ошу мич,а то курта пури ранг хама. Ручкаро кунаки мондам гуфтам рангаш дигар набарояд. Пагох омадам дидам ручка коок шудаст наменависад. Вале барои сару руи ранголуд гиристам хеелее. Очам фахмид ахир вале чанг накард. Гуфт хечкап не. Як ручка будаст. Як вактои дигар шылопкаам дар барё галтид. Э воойй дарё ба фигон омад аз нолаи ман. Кадкади дарё давидам то аз хуш рафтанма кариб...

Чамшед8808 н.Восеь
Авбушамолбек,
Бародар чунон кудакиатро накл карди, ки аз чашмонам ашк чори шуд. Калуши ман айнан ранги Шумо дар даре афтидаги буд. Кудакиеее кудакй кош як бори дигар кудак мешудаму аз сари нав ба богчаву мактаб мерафтан. Нисбати ин гушвор дузд гуфтаниям,ки Худо дар зиндагиат бараккат наеби Омин.

Хамин зан гушвораи духтарчаи манро дар ш Душанбе аз гушх
ояш гирифтааст гушвораи тилло буд

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)