Қиссаи зиндагии 11 аробакаш дар Душанбе: Аз дипломдор то солхӯрдаҳо...
Теҳрон Файзов, коромӯз
Аробакашҳо. Қишре аз ҷомеаи ману шумостанд, ки мо бехабар аз кору рӯзгори онҳо ҳастем. Аксарияти мо ба онҳо ҳамчун ба як қишри аз лиҳози инсонӣ паст муносибат мекунем ва чунин пиндор дорем, ки онҳо барои “буд кардани кори мо” офарида шудаанд. Вале камтар талош мекунем бифаҳмем, ки ин қишр дар ҳақиқат чӣ мушкил ва ниёзмандиеро доранд, ки ҳамин гуна “хориву залилӣ”-ро интихоб кардаанд.
Ҳарчанд дар назари мо аробакашҳои бозорҳои кишвар кори сангин ва меҳнатбореро пушти сар мекунанд, аммо як қисм аз онҳо ин кори хешро бартарӣ ҳам медиҳанд.
Як сокини 40- солаи шаҳри Душанбе, дар мавриди аробакашияш дар бозори Саховат ба мо чунин қисса кард: “То соли 2010 дар Русия кор мекардам, баъдаш дар ҳамин бозор аробакаш шудам. Вақтҳои охир кор кам аст дар як рӯз 30-40 сомонӣ кор мекунам. Пеш то 90-100 сомонӣ кор мекардем”.
Ин мард мегӯяд, ки соҳиби 4 фарзанд - 2 духтару 2 писар мебошад, ки хонандаи мактабанд ва ҳамсараш низ дар бозор кор мекунад. Ба гуфтаи ин мард ба кори давлат зиндагӣ пеш намеравад. Ин мард соли 1996 Омӯзишгоҳи педагогии шаҳри Душанберо хатм карда 6 моҳ муалим кор кардааст ва ба гуфти худаш “аз баски маошаш кам буд корро бас кардам. Дар сохтмон кор кардан вазнин аст. Бо ҳамин аробаам рӯзам мегузарад, кораш осон. Дар як рӯз 3 сомонӣ чекпулӣ месупорем”.
Яке дигар аз аробакашони бозори Саховат, ки ӯ ҳам нахост номаш дар ВАО зикр шавад, сокини 63-солаи шаҳри Қӯрғонтеппа ҳаст, ки айни ҳол дар Душанбе сукунат дорад: “Ман дар 63 рафтам, ин рафиқам дар 72. Мо бояд дар ин сину сол пенсиа бигирем, лекин намегирем. Барои дуруст кардани ҳуҷҷат пули бисёр даркору мо надорем. Зиндагии мо ҳамин ароба аст. Як ду рӯз пеш писарамро барои кор кардан равон кардам, ки ба қарибӣ аз аскарӣ баргашт. Дар ягонҷо коргар даркор набудааст. Писарам мактаби ибтидоиро ҳам хуб хондагӣ нест”.
Ин мард, ки соҳиби 2 писару 4 духтар мебошад, дар идомаи суҳбат бо алам чунин изҳори назар кард: “Зиндагиямон вазнин, аз ҳаминхел зиндагӣ нафратам меояд, лекин чӣ илоҷ?! Ҳамин аробакашӣ ҳам накунем намешавад, гушна мемонем. Боз ба замми ин аз мо чек мегиранд. Бибинед, барои як ҳуҷҷат дуруст кардан маблағи зиёде даркор аст ё барои як порча замин гирифтан. Мо қудрати инро надорем, намедонем чӣ кор кунем?”.
Ин сокини 63-солаи Қӯрғонтеппа мегӯяд, ки дар ягон беморхона бе гирифтани маблағ табобат намекунанд: “Соли гузашта ман тамоман аз мадор рафтам, бемор шудам. Вақте ба беморхонаи бесоҳибон рафтам, ки бояд бе пул табобат кунанд як духтур аз ман 70 сомонӣ талаб карда гуфт, ки як ҳафта табобат мекунем. Ман ки пул надоштам, табобат гирифта натавонистам”.
Ин аробакаш ба кори бозор ҳам эътирози худро дорад: “Дар бозор пештар як равған 10 сомонӣ буд ҳозир 15 сомонӣ шудааст. 1кг қанд 5 сомонӣ буд ҳоло 7,5\8 ва нон ҳам аз 80 дираму 1 сомонӣ ба 2-3 сомонӣ боло рафт. Ягон камера аз телевизион меояд масъулони бозор мардумсуркуниро пеш мегиранд, порядка кунед мегӯянд, охир ҳаминҳо гушнаанд, ки нонфурушӣ мекунанд ё аробакашӣ”.
Аробакаши дигар Анвар Сафоев 71 сол дорад. Ба қавли худаш 97 сомонӣ нафақапулӣ мегирад. Аслан аз шаҳри Кӯлоб асту ҳоло дар маҳаллаи Гулбутта бо хонаводааш зиндагӣ мекунад. Дар бозори Саховат аробакашӣ менамояд. Мегӯяд, ки ба сабаби ин ки наздики 25-сол дар ин бозор аробакашӣ мекунад аз ӯ баъзан чекпулӣ мегиранду баъзан не. Сафоев 8 фарзанд дорад: “Ман бояд кор кунам, бекор нишаста наметавонам. Хуб аст кор, зиндагӣ тинҷу ором рафта истодааст. Ба ҷуз аробакашӣ кори сохтмон, сварка (кафшер) низ аз дастам меояд, вале барои ман беҳтарин касб аробакашӣ мебошад”.
Анвар Сафоев бо вуҷуди ин ки аробакаширо як кори осон намедонад, вале барои мардуми бекор даъвате ҳам дорад: “Ҳамин мардуми бекор биёянд кор кунанд, бо бекоргардию дуздӣ ва ғоратгарӣ нашавад. Чи коре, ки аз дасташон меояд, карда рӯзашонро гузаронанд”.
Махсум аробакаши дигаре дар “Султони Кабир”, ки худро хатмкардаи Донишкадаи санъати ба номи Турсунзода муаррифӣ кард ба хабарнигорони “Озодагон” дар бораи кораш чунин гуфт: “Саҳар то бегоҳ кор мекунем, аввал меомадем кам кор мекардем, ҳозир ба камаш 30-40 сомонӣ кор мекунам. Хароҷоти оила аз худи мо вобаста аст. Ман имрӯз 150 сомонӣ кор кардам. Донишкадаи санъатро тамом кардам ва як муддат муаллимӣ ҳам кардам, баъди вай ба аробакашӣ машғул шудам. Мо, 3 бародарем, Русия рафтем кор кардем, дар ҳамин бозор як мағоза гирифтем ва ҳоло машғули корем”.
Ҷавони 28-сола, Карим Табаров, сокини ноҳияи Восеъ, ки дар Душанбе иҷоранишин аст, аробакаширо дар бозори “Султони Кабир” як кори хуб медонад. Мегӯяд, ки дар як рӯз 40-50 сомонӣ ба даст меоварад ва тобистонҳо то 200 сомонӣ дар рӯз кор мекунем. Ин ҷавон хатмкардаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, як муддат муаллимӣ ҳам кардааст ва ба далели камии маош тарки омӯзгорӣ намудааст.
Қурбон Бозоров, аробакаши дигари ин бозор ҳам аз Восеъ буда, мисли Карим иҷоранишин аст. Қурбон ба ибораи худаш “дар як руз 10-13 сомонӣ тоза” ба даст меоварад, ки ба ҷуз чекпулӣ ва пули хӯроки нисфирӯзияш, ки одатан аз пирошкӣ иборат аст. Ин марди 46-сола факултаи таърихи Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро дар соли 1996 хатм карда, муддате кори расмӣ низ кардааст. Аз соли 2001 ба аробакашӣ пардохтааст ва моҳона ҳудуди 600-700 сомонӣ пасандоз намуда ба хонаводааш ба ноҳияи Восеъ мефиристад.
Рамазон Сафаров бисёр ҷавон аст. Ҳамагӣ 18 сол дорад. Аз шаҳри Кӯлоб омада дар бозори маъруф ба “Гипрозем” ба аробакашӣ машғул аст. Дар Душанбе 5 нафар дар як хона иҷора менишинанд, ки 300 сомонӣ иҷорапулӣ медодаанд. Мегӯяд, ки кори аробакашӣ бароям мушкил аст аз зӯромад ароба мекашам. Ғайр аз Рамазон бародари калониш низ кор мекунад. Ӯ мегӯяд, ки дафъаи ахир дар ду моҳ 500 сомонӣ ба хонааш равон кардаааст. Бисёр талош мекунам, ки хароҷоти рӯзонаам аз 10-12 сомонӣ зиёд нашавад. Ин ҷавон орзу дорад, ки дар ягон ҷой бихонад, вале “шароит набуд, дохилам накарданд дар ягон донишгоҳ”.
Наим Каримови 63-сола ва Амиралӣ Аралови 71-сола аз ҳамсуҳбатони дигари мо дар бозори Гипрозем буданд. Бобои Амиралӣ мегӯяд, ки кори ароба мушкил аст, лекин чи кор кунем. Оиларо хӯрондан даркор. Танҳо ман кор мекунам, ду духтарам аз шавҳар ҷудо шудаанд, бо мо зиндагӣ доранд.
Суҳроб Каримов аробакаширо дар бозори Гипрозем нисбат ба “Саховат” муфидтар медонад. Ин ҳамсуҳбати мо баъди хидмати сарбозӣ ба аробакашӣ машғул шудааст ва мегӯяд, ки васояти модару ҳамсар ва як фарзандаш ба гардани ӯст ва тарҷеҳ медиҳад, ки аз дуздиву дигар корҳои ғайриқонунӣ ҳамин аробакашӣ хубтар аст.
Давлат сокини ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон, ки дар бозори “Саховат” аробакашӣ мекунад мегӯяд, ки бо 3-4 сомонӣ хӯроки нисфирӯзӣ мехӯрад: “Коре мекунем, ки 5 сомонӣ нашавад. Бибинед ҳоло қариб вақти “абед” шудааст, аммо 1 сомонӣ кор кардам”.
Бар асоси мушоҳидаҳои мо дар бозорҳои Душанбе синну соли аробакашҳо аз 13-сола то 75-сола мебошад. Танҳо мардон ба аробакашӣ машғуланд. Баъзе аз аробакашҳо, ки аз суҳбат худдорӣ мекарданд маълум буд, ки нафарони огоҳ ва аҳли мутолиа низ мебошанд, чун дар болои ароба рӯзномахонӣ мекарданд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |