Маҳфили шеъри Гулрухсор дар Театри Лоҳутӣ
Дар Душанбе маҳфили шеъри Гулрухсор Сафиева, шоираи саршиноси Тоҷикистон баргузор мешавад.
Ин маҳфил, ки бо ташаббуси Иттифоқи нависандаҳои Тоҷикистон дар доираи баргузории Ҳамойиши байналмилалии адибони кишварҳои ҳавзаи Наврӯз сурат мегирад, соати 14:00-и 7 март дар Театри давлатии ба номи Лоҳутӣ оғоз мегардад.
Гулрухсор Сафиева дар поёни солҳои 90-уми асри гузашта яке аз фаъолони сиёсӣ ва мадании Тоҷикистон ба шумор мерафт. Бо оғози ҷанги шаҳрвандӣ муддате ба хориҷи кишвар фирор кард ва баъдан ба Тоҷикистон баргашт.
Гулрухсор феълан раиси Фарҳангистони байналмилалии Шеъри ҷаҳон мебошад. Ӯ Шоири халқии Тоҷикистон ва барандаи Ҷоизаи давлатии Рӯдакӣ дар бахши адабиёт низ ҳаст.
Ҳамойиши байналмилалии адибони кишварҳои ҳавзаи Наврӯз аз 19 то 24 марти соли 2016 бо ҳузури шоирони тавонои форсизабони ҷаҳон давом мекунад. Баргузории чунин як ҳамоишро 19 марти соли сипаришуда Гулрухсор Сафиева дар мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо зиёиён пешниҳод карда буд. Акс аз А.Раҳмон
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |