Даъвати мусалмонҳои Маскав: Куштори ваҳшиёнаи кӯдакро ба Ислом рабт надиҳед!
Куштори ваҳшиёнаи кӯдаки чорсоларо дар шимолу ғарби Маскав аз дасти парастораш, шаҳрванди Узбакистон ба Ислом рабт надиҳед. Ин нуктаро дар изҳороти муфтиёти Маскав таъкид шудааст.
Дар ин изҳорот, ки бо имзои Илдар Аляуддинов, раиси идораи мусалмонҳо ва имоми масҷиди ҷомеи Маскав нашр шудааст, гуфта мешавад, бар пояи пӯшиш ва ё шиору кадом як амал ба мусалмону Ислом рабт додани ҳодиса умуман қобили қабул нест.
Гулчеҳра Бобоқулова, парастори 38-сола аз Узбакистон бо ҳиҷоб ва садои “Аллоҳу Акбар” сари буридаи Настяи 4-сола дар даст, дар метро боздошт шуд. Расонаҳо навиштанд, ки ӯ дар як хона дар хиёбони “Народний Ополчения” духтари таҳти нигоҳубинашро кушта, манзилро оташ задааст.
Раҳбари идораи муфтиёти Маскав гуфтааст, зани муттаҳам дар куштори кӯдак аз маризии равонӣ ранҷ мекашад. Ӯ ба хонаводаи Настя изҳори таслият карда, гуфтааст, “ҳар мусалмон ин дардро ҳамчун фоҷеаи худ қабул мекунад”.
Кунгураи умумирусиягии узбакҳо низ эълон кардааст, омодаи кумак ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои тафтиши ҳодисаи куштори кӯдак мебошад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |