CАTV ба мушкилоти молӣ дучор шудааст ё мавҷи онро мезананд?
Central Asian TV (САTV) ё Телевизиони Осиёи Марказӣ, ки тавассути моҳвора пахш шуда, дар Тоҷикистон ҳам бинандаи худро дошт, чанд рӯз мешавад, дастнорас гаштааст. Дар зимн, сару садоҳое паҳн гашта, ки гӯиё пахши он аз ҷониби мақомоти Тоҷикистон масдуд шуда бошад.
Ин овозаҳо дар ҳолест, ки дар гузашта масъулони шабакаи дигари телевизионӣ дар хориҷи кишвар – “Сафо” чандин маврид иддао карданд, мақомоти Тоҷикистон бо харидории дастгоҳҳои пурарзиш “мавҷи телевизионро мезананд”. “Сафо” моҳи августи соли 2013 дар Маскав ба пахши барномаҳояш шурӯъ кард ва ҳамагӣ баъди 3 моҳ, дар остонаи интихоботи президентии Тоҷикистон аз моҳвора ғайб зад.
Аммо як манбаи наздик ба САTV ба “Озодагон” далели қатъ шудани шабакаро дар маҳвора мушкилоти молӣ гуфт. Ба иттилои манбаъ, рӯзҳои наздик он дубора фаъол хоҳад шуд. Тамошобинони Central Asian TV дар манотиқи гуногуни Тоҷикистон мегӯянд, аз рӯзи якшанбеи 19 феврал ин шабака дастнорас шудааст.
Дар ҳоле ки поягузорони ин телевизион ба таври расмӣ муаррифӣ нашудаанд, аммо фарзияҳое ҳаст, ки он шояд як тарҳи русӣ, афроди наздик ба Кремл ё мухолифини ҳукуматҳои Осиёи Марказӣ бошад. Дар доираҳои расмӣ ин шабакаро ба ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ рабт медиҳанду онро чун “телевизиони Муҳиддин Кабирӣ” ном мебаранд. Кабирӣ дар як мусоҳиба бо пойгоҳи иттилоърасонии аҳли суннати Эрон ишорае ба таъсиси як телевизион карда буд, аммо нагуфт он чӣ ном дорад: “Наҳзат бо машварати дӯстон як шабакаи телевизиюнӣ роҳандозӣ кардааст, ки дар Маскав ва Истанбул дафтар дорад. Шояд дар Теҳрон ва ҷоҳои дигар ҳам дафтар таъсис кунад, чун тоза роҳандозӣ шудааст. Мехоҳем, аз тариқи барномаҳои телевизиюнӣ, ки ба забони тоҷикӣ аст, равшангарӣ ва ислоҳ сурат гирад”.
Сару садоҳо дар бораи ба кӣ таллуқ доштани ин телевизион дар ҳолест, ки бино ба иттилои баъзе аз шаҳрвандон ва корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ, раисони маҳалла ва ҷамоатҳо дар бархе манотиқи Тоҷикистон аз мардум хостаанд, аз тамошои барномаҳои ин шабака худдорӣ варзанд.
Дар телевизиони мазкур хабарҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон бештар аз нигоҳи интиқодӣ пешниҳод мегардад. Ҳарчанд дар баробари хабару гузоришоти интиқодиву таҳлилӣ барномаҳои фароғатӣ низ пахш менамуд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Январ 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |