Таъини муовини нави Бег Сабур ва таъсиси комиссияи даъвати баҳорӣ

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз, 29-уми феврал зимни ҷаласаи ҳукумат Абдураҳмонзода Малоҳатро муовини сардори Хадамоти алоқа таъин кардааст.
Дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, инчунин зимни ҷаласаи ҳукумат Комиссияи ҷумҳуриявӣ оид ба даъвати баҳорӣ ба хизмати ҳарбӣ ва рухсат додани онҳое, ки муҳлати хизматашон ба охир расидааст, таъсис дода шуд.
Дар баробари ин ҳукумат ба қонунҳо “Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият”, “Дар бораи боҷи давлатӣ”, “Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ”, “Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ”, “Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ” ва ба Кодекси фазои ҳавоии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо пешниҳод кардааст: “Инчунин лоиҳаи тағйирот ба қонунҳои амалкунанда “Дар бораи фаъолияти сулҳоваронаи Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият”, “Дар бораи иҷораи молиявӣ (лизинг)”, ба Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон (қисми дуюм) маъқул дониста шуда, ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
31 | |