(ВИДЕО) Шарҳи Гулчеҳра барои сарбурии Настяи 4-сола: Шавҳарам хиёнат кард
Гулчеҳра Бобоқулова, дояи 38-сола аз Узбакистон, ки дар буридани сари тарбиятгирандааш - Настяи 4-сола дар шаҳри Маскав муттаҳам мешавад, сабаби даст задан ба ин ҷиноятро хиёнати шавҳараш гуфтааст. Ӯ чӣ рабт доштани хиёнати шавҳар ба қатли кӯдаки таҳти нигоҳубинашро шарҳ дода натавонистааст.
Хабари он, ки як зан бо сари буридаи кӯдак дар даст, дар метрои Маскав “Аллоҳу акбар” гуфта, фарёд мекардааст, имрӯз, 29-уми феврал дар сархати расонаҳо қарор гирифт. Ба иттилои расонаҳои русӣ ин зан дар як хона дар хиёбони “Народний Ополчения” духтари таҳти нигоҳубинашро кушта, хонаро оташ зада, ба метро раҳсипор шудааст: “Ӯро, ки дар тан либоси сиёҳ доштааст, маъмури пулис дар роҳи баромад аз метро барои тафтиши ҳуҷҷатҳояш боздоштаст. Аммо ин зан аз борхалтааш сари буридаи кӯдакро гирифта, фарёд кардааст, ки ҳамаро метарконад. Феълан ӯ дар боздошт қарор дорад”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
31 | |