10 соли зиндон барои фиреб ва гирифтани пули мансабдор
Додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ як сокини шаҳри Душанберо барои фиреби директори муассисаи давлатии “Чароғи ҳидоят” ба 10 соли зиндон маҳкум кардааст.
Тибқи иттилои додгоҳ маҳкумшуда соли 2014 бо Савринисо Расулова, директори “Чароғи ҳидоят” шинос шуда, худро соҳибкор муаррифӣ кардааст. Ӯ барои равнақи тиҷорат аз Расулова маблағ гирифта, ваъда додааст, ки даромадро тақсим мекунад: “Тайи солҳои 2014-2015 дар маҷмуъ аз раиси “Чароғи ҳидоят” 41 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта, на барои тиҷорат, балки ба манфиати шахсияш сарф кардааст”.
Ба иттилои манбаъ додгоҳ ин сокини Душанберо дар қаллобӣ ва расондани зарари молӣ гунаҳкор дониста, ба 10 соли зиндони низомаш пурзӯр маҳкум кардааст. Ҳамчунин додгоҳ маҳкумшударо барои 5 сол аз ҳуқуқи машғул шудан бо фаъолияти соҳибкорӣ ва молию пулӣ маҳрум намудааст.
Муассисаи давлатии Маркази таълимии «Чароғи ҳидоят» бо қарори ҳукумат соли 2008 барои донишҷӯдухтарони ятим ва бепарастор, ки дар макотиби олӣ ва коллеҷу омӯзишгоҳҳои шаҳри Душанбе таҳсил менамоянд, таъсис дода шуд. Соли 2015 дар мувофиқа бо раисиҷумҳури Тоҷикистон роҳбарияти ин муассисаи давлатӣ иваз гардида, Зарнигори Сорбон раҳбари нави он таъин шуд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |