Ташкили Маркази зиддитеррористии Тоҷикистону Чин дар Душанбе
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо Чен Гопин, намояндаи махсус оид ба мубориза бо терроризм ва масъалаҳои амниятии Чин густариши ҳамкориҳоро баррасӣ кардааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, имрӯз, 29-уми феврал дар хитоб ба Чен Гопин изҳор доштааст, ки “мо кишвари Шуморо ҳамчун шарики боэътимод ва ҳамсояи наку медонем, ки ҳамаҷониба Тоҷикистонро ҷиҳати рушди бахшҳои муҳими ҷомеа ва таъмини амният ҷонибдорӣ менамояд”.
Манбаъ мегӯяд, ҷонибҳо ҳамчунин доир ба вазъи мураккаби сиёсӣ дар Афғонистон ва эҳёи ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии ин кишвари ҳамсоя табодули афкор намуданд.
Дар баробари ин Чен Гопин бо Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон низ мулоқот дошта, таҳкими мубориза бо терроризм, экстремизм ва сепаратизмро баррасӣ кардаанд. Дар ин мулоқот дар мавриди расонидани кӯмак барои сохтмони бинои нави Академияи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ва сохтмони бинои Маркази муштараки зиддитеррористии Тоҷикистону Чин дар Душанбе табодули афкор сурат гирифтаст.
Тибқи иттилои Вазорати умури дохилӣ, Гопин изҳор доштааст, ки Тоҷикистон дар сафи пеши мубориза бо зуҳуроти номатлуб қарор дорад ва ҷониби Чин дар ҳамаи соҳаҳо кӯмаки худро хоҳад расонид.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |